Гурӯҳи хун ва хислати инсон

Равоншиносон қайд мекунанд, ки бинобар гурӯҳи хун хислат ва рафтори инсонро муайян кардан мумкин аст.

Гурӯҳи хун: якум (0)

Нафарони дорандаи ин гурӯҳи хунро равоншиносон “шикорчӣ” меноманд. 

Хосиятҳои хислату рафтори онҳо:

– шахсони эҳсосӣ буда, аз ин рӯ пас аз ҳолати стрессӣ ба онҳо барои ором шудан вақти бештар лозим мешавад;

– боҷуръат ва мушкилнописанд

– соҳибҳадаф

– дорои шахсияти ҷамъиятӣ ва роҳбари қавӣ

– некбину рӯҳбаланд

Хосиятҳои физиологӣ:

– мардон паҳлавонҷусса буда, занон шикаму ронҳои фарбеҳ доранд

– системаи иммунии қавӣ доранд

– иштиҳои хуб доранд

Истеъмоли ғизоҳои зайл тавсия шудаааст:

– гушт ва моҳӣ, ки аз сафедаҳо бой аст

– гулкарам, карам, ҷаъфарӣ, каду, сирпиёз, испаноқ, анҷир ва олуи хушк

Аз истеъмоли ин ғизоҳо худдорӣ кунанд:

– ҷурғот, шир, творог, писта, лӯбиё, авокадо, хӯроки боимҷонӣ ва картошкагӣ, афлесун, қулфинай ва ҷуворимакка

Навъи тамринҳои муносиб:

– аэробика

– шиноварӣ

– гимнастика

– рақс

– бодибилдинг

Гурӯҳи хун: дуюм (А)

Нафарони дорандаи ин гурӯҳи хунро равоншиносон “зироаткор” меноманд.

Хосиятҳои хислату рафтори онҳо:

– ҳарчанд нафарони ба худ фурӯбаста ҳастанд, вале бо атрофиён муносибатҳои хуб доранд

– табиати ҳассос доранду эҷодкоранд

– тобоваранд

– зуд-зуд ба стрес гирифтор шуда, ҳиссиётҳои худро бо душворӣ идора мекунанд

Хосиятҳои физиологӣ:

– занон нармдиланд

– аксар вақт намуди зоҳирияшон ғайримуқаррарӣ метобад: ронҳои васеъ, кифтони борик, дасту пойҳои дароз, чеҳраи нозук;

– баъзан баландшавии сатҳи ҳормони кортизол ба пастшавии иштиҳо бурда мерасонад, ки дар ин ҳолат рӯзе то 6 маротиба бояд хӯрок истеъмол намоянд

Истеъмоли ғизоҳои зайл тавсия шудаааст:

– сабзавоти зиёд

– гӯшти мурғ ва ё мурғи марҷон

Аз истеъмоли ин ғизоҳо худдорӣ кунанд:

– гӯшт, ғизоҳои баҳрӣ, маҳсулоти ширӣ, боимиҷон, зайтун, помидор, афлесун, банан, норҷил, мандарин, лӯбиё

Навъи тамринҳои муносиб:

– машқҳои таскинбахши бадан ва рӯҳ

– якҳарбаҳои шарқӣ

– дав

– шиноварӣ

– рақс

Гурӯҳи хун: 3 (B)

Нафарони дорандаи ин гурӯҳи хунро равоншиносон “кӯчманчӣ” меноманд.

Хосиятҳои хислату рафтори онҳо:

– омезгор ва унсгиранда

– қавӣ ва мақсаднок

– серҳаракат ва эҷодкор

– ҳолати равонияшон зуд-зуд ивазшаванда

 Хосиятҳои физиологӣ:

– нисбатан ба фабеҳшавӣ моил нестанд

– аксар вақт бадани лоғар ва қади аз миёна дарозтар доранд

– бинобар сатҳи баланди ҳормони кортизол ба хоб ва хӯрок кам ниёз доранд

– системаи иммунии қавӣ доранд

Истеъмоли ғизоҳои зайл тавсия шудаааст:

– ба таври ҳатмӣ шир ва маҳсулоти ширӣ;

– гушти гӯсфанд ва харгӯш;

– боимиҷон, карам, қаламфур, лӯбиё, сабзӣ, ҷаъфарӣ, лаблабу, ананас, банан, ангур, қот, олу;

Аз истеъмоли ин ғизоҳо худдорӣ кунанд:

– ҷуворимакка, марҷумак, мурғ, гӯшти хук, авокадо, зайтун, помидор, каду, анор, норҷил, хурмо

Навъи тамринҳои муносиб:

– велосипедронӣ

– теннис

– кӯҳнавардӣ

– пиёдагардӣ

Гурӯҳи хун: 4 (AB)

Нафарони дорандаи ин гурӯҳи хунро равоншиносон “шахси нав” меноманд.

Хосиятҳои хислату рафтори онҳо:

– масъулиятшинос ва боэътимод

– ташкилотчиёни кордон

– соҳиби тафаккур ва тахайюл

– ғамхор ва ҳамдард

Хосиятҳои физиологӣ:

– ҷисман тобоваранд

– нисбатан ба фарбеҳӣ камтар моиланд

– сатҳи пасти коркарди ҳормони ҳаракаткунандаи фоликула занонро ба мушкилии бордорӣ дучор месозад

Истеъмоли ғизоҳои зайл тавсия шудаааст:

– ба таври ҳатмӣ гӯштҳои парҳезӣ ва ғизоҳои баҳрӣ

– боимиҷон, гулкарам, бодиринг, ҷафарӣ, лаблабу, карафс, сирпиёз, ананас, ангур, норинҷ, киви, қот, лимӯ ва олу

Аз истеъмоли ин ғизоҳо худдорӣ кунанд:

– макарон, нон, мурғ, марҷумак, қаламфур, афлесун, банан, анор, манго, хурмо.

Навъи тамринҳои муносиб:

машқҳои таскинбахши бадан ва рӯҳ

– шиноварӣ

– пиёдагардӣ

– таҳияи Саид Муъмин


Чӣ тавр бе дору дарди дандонро таскин бахшидан мумкин аст?

Оқибати камхобӣ

10 ғизои баданро аз варам раҳодиҳанда

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s