Дар табиат ҷонварон аз нигҳои заковат аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ба туфайли ақли худ ин ҳайвонот ҷиҳати осон кардани гашту гузор дар муҳити табиӣ олотҳои гуногунро мавриди истифода қарор медиҳанд, амру фармонҳои инсонро иҷро мекунанд ва ҳатто қодиранд байни ҳам робита бисозанд.
Шимпанзе
Дар феҳристи ҳайвонҳои боақл дар ҷойи аввал аст. Олот омода карда, барои ҳалли мушкилот аз он бо мақсад истифода бурда метавонанд. Шимпанзеҳо дар якҷоягӣ сайд мекунанд. Барои таъсиси робита бо одамон метавонанд забони имову ишораро аз худ кунанд ва агар чанд сол ҳам одамонро набинанд, баъд аз омӯзиш чӣ маъно доштани ишораву имоҳоро фаромӯш намекунанд. Истифодаи рамзҳо барои нишон додани ашё ва барои ибрози як фикри парешон ба ҳам овардани ин рамзҳо яке аз хосиятҳои аҷоиби онҳо ба шумор меравад. Байни ҳам робитаи қавӣ месозанд ва ба сохтори иерархӣ моиланд.
Орангутан
Ин навъи маймунҳои азимҷусса баъд аз инсонҳо боақлтарин ҷондор ба шумор меравaнд. Онҳо гурӯҳ‐гурӯҳ зиндагӣ намуда, пайвандҳои қавии иҷтимоӣ месозанд. Орангутанҳои модина барои чанд сол бо фарзандаш монда, тамоми малакаю маҳорате, ки барои дар ҷангал зинда мондан зарур аст, ба ӯ меомӯзаонад.
Делфин
Аз дигар ҳайвонҳо ба маротиб закӣ буда, бениҳоят ҳайвонҳои иҷтимоӣ мебошанд. Соҳиби забони печидае ҳастанд, ки инсонҳо акнун онро меомӯзанд. Дар муҳити табиӣ метавонанд аз олотҳо истифода баранд ва як қатор фармонҳои амршударо ба осонӣ азхуд карда, иҷро мекунанд.
– таҳияи Достиев Неъмат