Танҳоӣ

Вай ягона фарзанди хонадон буд. Баробари яксола шуданаш ҳам роҳгардиро ёд гирифту ҳам гап заданро. Аввалин калимае, ки ба забон овард, “модар” буд, ҳамоне, ки аз ҳама зиёд дӯсташ медошт. Тифлак дарк намекард, ки ӯ ҳам порае аз вуҷуди ин зани барояш меҳрубоон аст, вале медонист, ки ӯро хеле дӯст медорад ва набуданашро таҳаммул карда наметавонад. Бахусус, лаҳзаҳои аз пистони вай шири гарм хӯрдан ё рӯи дастони нармаш роҳат хоб рафтану ҳангоми бедор шудан боз ҳам ӯро болои сар дидан барояш хеле гуворо буд. Вай аз ин лаҳзаҳо сер намешуд. 

Аммо хурсандии тифл дер напоид. Модараш масрафи рӯзгорро баҳона пеш оварда, дар як бонке, ки падари тифлак сардор буд, ба кор даромад. Акнун тифли бечора ҳар саҳар баробари бедор шудан дигар худро дар оғӯши гарму атрогини модар ва ғарқи бӯсаҳои вай намедид. Ба ҷои модар ҳар саҳар зани сабзинаи лоғарандомеро дучор меомад, ки бо фарқ аз модараш на бӯйи гул, балки бӯйи пластика ё резин мекард, зеро пайваста сақич мехоид. Вай ин тифли танҳоро парасторӣ мекард. Яъне, доя буд. Дар танҳоӣ аз дасти тифлак ягона коре, ки меомад, бо садои баланд гиристан буд. Дар назари кӯдак ин зан на доя, балки албастиеро мемонд, чунки меҳрубонӣ надошт ва ҳар боре садои кӯдак баланд мешуд, вай бо ангуштони лоғари дарозаш кӯдакро “хомӯш” мекард. Гоҳе ин амали вай ба ҳадде дардовар мешуд, ки бечора тифлакро аз омаданаш ба ин дунё сад бор пушаймон мекард. 

Тифлак мисли кӯдакони дигар ба тарбияи доя одат кард ва то соати расидани модараш ба тамошои телевизор машғул мешуд. 

Бо сабаби он ки падари тифлак афзоиши аҳолиро “барои ояндаи мамлакат таҳлукаи ҷиддӣ” мепиндошт, бо вай сард муомила дошту чандон меҳрубонӣ намекард. Танҳо гоҳ-гоҳе аз дур ба кӯдак гап мепартофту бас. Бинобар ин, тифлаки бечора аз кор баргаштани модарашро бесаброна интизор мешуд ва барои ҳар чӣ зудтар худро ба оғӯши гарму навозишҳои вай ҳаво додан ҳамеша дар назди дар бозӣ мекард. Вале дигар модараш ҳам он атру хушбӯии пешинро надошт, чунки сигор мекашид ва баданашро тамоман бӯйи сигор печонда буд. Ҳамин ки ба хона меомад, зуд ба кори хона мепардохт ва баъди тифлакро бо саросемагӣ сер кардан аз ҳуҷраи худ  бароварда ба кати махсус мебурд, ки дар ҳуҷраи дигар барои вай гузошта буданд. Дигар тифлак ҳам аз он аллаҳои ширину сурудҳои гӯшнавозе, ки модараш шабҳо барои ӯ мехонд, маҳрум шуда, ба ҷои модараш худаш суруди алларо бо лаҳни тифлӣ замзама мекард ва хобаш мебурд. Рӯзҳои тифлак ба ҳамин шакл мегузашт.

Вақте дусола шуд, модараш барои ӯ як парандаи зебоеро бо қафасаш ҳадя намуд. Акнун вай бо сурати дағалу чеҳраи гирифтаи доя камтар рӯ ба рӯ мешуд ва ҷои ин бо паранда суҳбат мекард. 

− Очам ба бонк рафт! – пайваста шикоят мекард тифлак ба паранда.

Падару модараш ба вай ба ҷои як додари дӯстрӯ паранда ҳадя карданд. Худашон рӯзҳои таътил ҳам кор мекарданд, то қарзеро, ки барои автомашинаи нав харидаашон гирифта буданд, пардозанд. 

Паранда ҳам ба хотири расидан ба висоли пайвандонаш рӯзе ба ҳаво парид. Дастони тифлак, ки барои доштани “дӯсташ” равон шуданд, дар ҳаво холӣ монд. Акнун баъди гузашти чанд вақт бори аввал чашмони кӯдак нам гирифанд. Ӯ аз тирезае, ки ҷонварак парида рафт, ба берун нигариста, бо ҳасрат мегуфт:

− Паранда ҳам ба бонк рафт!

– Башир Усмон, Ҳадяи зиндагӣ


Шапотӣ

Эътимоди халқ ба роҳбар

Ниҳоли зиндагӣ

5 Comments Add yours

  1. The Patriot says:

    Behtarin.

    Like

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s