Дар табиат ҷонварон аз нигҳои заковат аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ба туфайли ақли худ ин ҳайвонот ҷиҳати осон кардани гашту гузор дар муҳити табиӣ олотҳои гуногунро мавриди истифода қарор медиҳанд, амру фармонҳои инсонро иҷро мекунанд ва ҳатто қодиранд байни ҳам робита бисозанд.
Фил
Ҳарчанд филҳо бештар бо гӯшҳои калон ва ҳофизаи қавӣ машҳуранд, вале дар воқеъ онҳо ҳайвонҳои босалиқа, бомаданият ва кунҷкобанд. Филҳо маводи ғизоии худро тоза карда истеъмол мекунанд. Дар табиати вуҳуш олотҳоро дар шаклҳои гуногун бинобар ҳоҷат истифода мебаранд. Филҳои ромкардашуда фармонҳои мухталифро иҷро мекунанд.
Зоғ
Аз нигҳои баъзе олимон зоғҳо аз орангутану шимпанзе дида боақлтаранд.
Санҷоб
Якравӣ ва тезфаҳмӣ ин ҷонваронро ба душманони қавии боғҳо табдил додаанд. Онҳо доим барои замони қаҳтӣ дар маконҳои гуногун хӯрока захира мекунанд. Пас аз гузашти моҳҳо аз маконҳои мазкур хӯрокаро бароварда истеъмол мекунанд.
Кабӯтар
Ин парандагон қодиранд ҳатто баъд аз чандин солҳо бисёр тасвирҳоро дар хотираи худ нигоҳ бидоранд. Акси худро дар оина мешиносанд, иҷрои як қатор ҳаракатҳоро меомӯзанд ва нуқтаҳои нозуки ду ашёро аз ҳам ҷудо карда метавонанд.
Ҳаштпо
Яке аз ҳайвонҳои закии баҳрӣ дониста мешаванд. Онҳо бозӣ карданро дӯст медоранд. Масъала ҳал мекунанд ва роҳи “наҷот”-ро дар лабиринт пайдо карда метавонанд. Навъи ҳофизаи кӯтоҳмуддат дар ҳаштпоҳо қавӣ аст.
– таҳияи Достиев Неъмат