Истеъмоли аз ҳад зиёди шакар зарар аст!

Китоб: “Без сахара”, возьмите свою жизнь под контроль 

Муаллиф: Джейкоб Тейтелбаум, Кристл Фидлер

Нашриёт: Манн, Иванов и Фербер, соли 2015

Теъдоди саҳифа: 240

Забони китоб: русӣ


Аксар нафарон ширинӣ ва нӯшокиҳои газноки ширинро дӯст медоранд. Таҳқиқот муайян мекунад, ки бо ҳисоби миёна саноъати истеҳсоли хӯрока ва ғизобарорӣ дар як сол моро аз 63,5 кг то 68 кг шакар мехӯронад. Ҳамчунин организмамон 18% колорияи иловагиро аз орди сафед мегирад, ки он дар бадан ба монанди шакар фаъолият мекунад. Аз ин рӯ пас аз чанд соли истеъмоли ғизо ва нӯшокиҳои аз ҳад зиёд шакардор мо ба шакар вобастагӣ пайдо мекунему бе он зиста наметавонем. Ҳамчун кулли моддаҳои вобастагӣ пайдокунанда шакар низ баъд аз истеъмолаш организмро нерӯи муваққатӣ бахшида, табъу мизоҷро болида мегардонад. Вале баъд аз гузашти таъсири шакар, организми инсон аз ҳолати қаблӣ дида заифтар мегардаду нерӯи бахшидаашро дучанд карда  бозпас мегирад.

Китоби мутахассисони соҳаи тиб Джейкоб Тейтелбаум ва Кристл Фидлер “Без сахара” асари таҳқиқотӣ-тавсияивӣ буда, мушкилии фарди ҷомеаи муосирро дар мислоли ба дараҷаи ифрот истеъмоли шакар ошкор мекунад. Дар асари мазкур қайд мешавад, ки баъд аз истеъмоли шакар, дар таркиби хун меъёри глюкоза баланд шуда, инсулин боло меравад ва бадан раванди равғанбандиро сар мекунад. Ба ҳамагон маълум аст, ки фарбеҳӣ касалии қанд ва бемориҳои дилро бо худ даъват мекунад. Ва ин мушкилиҳои саломатӣ танҳо баъзе аз бемориҳое мебошанд, ки пас аз меъёр зиёд истеъмол намудани шакар, аз худ огоҳӣ медиҳанд.

Муаллифони асар чор навъи организмро муайян кардаанд, ки ба шакар вобастагӣ доранд. Ва ба ҳамаи ин навъҳо табобат ва тавсияҳои мувофиқро пеш овардаанд. Табибон қайд мекунанд, ки агар инсон дар вақташ дахолат карда, аз истеъмоли аз ҳад зиёди шакар даст накашад, ҳатман ба ин навъ бемориҳо гирифтор мешаванд:

– Синдроми хастаҳолии музмин;

– Дардҳои зиёд дар мушакҳо;

– Заифгардии масунияти организм;

– Синусити музмин;

– Мушкилиҳои меъда ва бемории ваҷаулбатни спастикӣ;

– Бемориҳои аутоиммунӣ;

– Саратон;

– Синдроми метаболӣ бо савияи аз ҳад зиёди холестерин ва гипертония;

– Бемориҳои дил;

– Харобшавии гормонҳо;

– Сирояти Candida ва ғ.;

– Синдроми камбуди диққат бо гиперфаъолият;

Ҳамчунин бояд қайд кард, ки китоби “Без сахара” асари тиббие нест, ки бинобар он табобат ва шифоёбиро бояд ба роҳ монӣ. Муаллифон қайд мекунанд, ки агар яке аз мушкилиҳои дар асар зикрёфта дар хонанда мавҷуд бошад, аввал ҳамроҳи табиби соҳа машварат кунанд. Дар умум асар усул ва роҳҳои пешгирӣ аз вобастагӣ ба шакарро тавсия дода, ҳамин тавр хонандаро аз бемориҳои дар боло зикргардида огоҳ мекунанд.

Хониши китоби “Без сахара” ба табибон, диетологҳо, донишҷӯёни соҳаи марбута ва ба ҳамаи онҳое, ки нисбат ба саломатияшон бепарво нестанд, тавсия дода мешавад.


Ғофил манишин, на вақти бозист!

“Кӯдак аст!” –нагӯед! Аҳамияти муколама бо навзод

Бозии гургони мешмонанд

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s