Сад дари кушода

Ҷавонон бояд боиродаву ҳадафдор бошанд!

Тақрибан сӣ сол пеш аз ин марде, ки ба тиҷорат машғул буд, муфлис ва қарздор мемонад. Ҳарчанд аз дӯстону пайвандон кӯмак мепурсад, касе ба имдодаш расида наметавонад. Қарздорҳояш зуд-зуд барои пурсидани қарзашон меоянд. Ниҳоят, илоҷи дигар наёфта, тоҷир раҳоиро аз ин вазъият дар худкушӣ мебинад. Рӯзе зану фарзандонашро ба хонаи кадоме аз хешовандон ба меҳмонӣ гусел карда, худ қасдашро иҷро карданӣ мешавад. Бандро дуруст карда, мехоҳад ба гарданаш овезад, ки ваъдаи чанд рӯз пеш ба як марди китобфурӯш додааш ба ёдаш мерасад: “Ман ин китоби додаатро ҳатман мехонам. Дар кадом ҳолате бошад, вақт ёфта мехонам…”, – гуфта буд ба китобфурӯш.

Сипас, барои он ки ваъдаашро ба ҷо биёрад, мехоҳад чанд саҳифае аз он китобро мутолиа намояд. Китобро ба даст гирифта, аз мобайнаш саҳифаеро мекушояд ва мехонад. “Дар умри ҳаштодсолаам хеле азияту ҷафо кашидам. Басе зиндонҳо дидам, борҳо дар ҳабсхонаҳои сард бо либоси тунуку бе сарпӯшу курпа нигоҳдорӣ шудам. Чанд дафъа хӯроки заҳрнокам доданд… Таҳқиру дашному ҳақоратҳои зиёдеро дар нисбати худ шунидам. Вақте шуд, ки аз зиндагӣ дида ҳазорҳо маротиба маргро авло шумурдам. Агар динам маро аз худкушӣ кардан манъ намекард, кайҳо зери хок хуфта, хоку туроб шуда будам…” – навишта буд муаллифи китоб. Тоҷир баъд аз ин иттифоқи аҷиб ба фикр рафта, сипас аз нияташ мегардад.

Субҳи рӯзи дигар бо як ҷаҳон умеду бовар ба коргоҳаш рафта, тиҷоратро аз сари нав ба роҳ мемонад. Баъди як соли ҷиддии кор аз тамоми қарзҳояш халос мешавад…

Мутаассифона, ҳолатҳои ҳамсон, яъне ба худкушӣ майл кардан, балки худкушӣ кардани одамон дар ҷомеаи Тоҷикистон афзун шудааст. Хусусан, аз аввали соли равон то имрӯз се хабари худшкушии ҷавонон паҳн гашт. Яке писар ва ду нафари дигар духтаранд. Синну солашон ҳам аз 18 то 22. Яъне ин ҷавонон дар синну соле қарор доштанд, ки ҳаёт барояшон нав оғоз меёфт. Баҳори умрашон, ба қавле нав фаро расида буд. Вале онро хотима доданд. Инҳо агар яке бо сабаби моҷарои оилавӣ ба худкушӣ даст зада бошад, худкушии дигаре бар асари ногап шудан ё ҷанҷол бо хушдораш рух додааст. Ҳол он ки ҳаёт баъди моҷарои оилавӣ ва ҳатто ҷудошавӣ ҳам идома меёбад. Ё барои духтару писари ҷавони ошиқ, ки ба ҳам издивоҷ накарданд, ҷудошавӣ ниҳояти кор нест. Ҳар яке аз онҳо метавонад, боз зиндагиашро аз сари нав бо нафари мувофиқу сазовортаре ба роҳ монад. Пас, чаро ҷавонони худкушикарда ин ҷиҳати масъаларо фикр накарданд? Барои онҳо низ ишорате зарур буд. Чунон ишорате, ки ҳамон тоҷир қабл аз худкушӣ карданаш дучор омад.

Ҷавононро зарур аст, ки ҳатман дар вақти рӯ ба рӯ шудан ба мушкилиҳои хоҳ ҳиссиву равонӣ, хоҳ моддиву маънавӣ ба атрофиён, ба нафарони аз худашон бузургсол ва таҷрибадошта суҳбат карда, маслиҳат бигиранд. Дар ҷомеае, ки худкушиҳо миёни ҷавонҳо, ки аксаран аз бетаҷрибагӣ ва сустиродагӣ ба ин амали номатлуб даст мезананд, бештар мешавад, зарурат ба маслиҳатҳои равонӣ ва ҳар гуна маҳфилҳое, ки барои наҷоти ҷавонон аз мушкилиҳояшон нигаронида шудаанд, меафзояд. Зеро дар миёни ҷавонон бештар шудани амали нангини худкушӣ оқибатҳои ногувори зиёдеро барои ҷомеа дар пай дорад. Аз ин ҷавонони дигар ҳатман ибрат мегиранд ва дар камтарин ноумедӣ ва рӯ ба рӯ шудан ба мушкилиҳо ба ҷонашон қасд мекунанд.

Зимнан, бояд ёдрас шуд, ки аксари худкушиҳо аз онҳое сар мезанад, ки ё дар зиндагӣ ҳадафи мушаххасе надоранд, то барои расидан ба он талош кунанд ва ё аз беиродагии комили ҷавонон. Бинобар ин, ҳамвора ҷавононро барои ҳадафнок зистан бояд талқин кард, онҳоро қавӣ гардонд ва аз лиҳози иродатмандӣ заъф доштанашонро дуруст намуд. Ҷавонон ҳам дар муқобили мушкилиҳо набояд ҳамвора дар яъсу ноумедӣ нишинанд. Зеро гуфтаанд:

Худо гар ба ҳикмат бубандад даре,
Зи раҳмат кушояд дари дигаре!

– Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


Ҳаёти созанда аз нақшаи рӯз оғоз меёбад

Оё дар ҳақиқат барои оиладор шудан омода ҳастед?

Ҳадаф ҳамчун нерӯест, ки касро зинда нигоҳ медорад!

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s