Истеъмоли меваю сабзавот умрро дароз мекунад

Мувофиқи тадқиқоти Муассисаи таълимии Империяи Лондон ҳаррӯза истеъмоли 400 гр меваю сабзавот метавонанд ҳамасола фавти 7,8 миллион нафарро, ки бо сабаби норасоии витамин ва таркибҳои ғизоии барои организм муҳим ба сар мебаранд, ба таъхир гузорад. Тадқиқотчиён дар 95 тадқиқоти алоҳида одати ғизохӯрии 2 миллион нафарро омӯхтанд. Натиҷаи тадқиқот дар маҷаллаи Байналмилалии эпидемологӣ нашр шуда, қайд мегардад, ки меваю сабзавот суфати маишати инсонро беҳ гардонида, боиси дарозумрӣ гардад. Тадқиқот нишон медиҳад, ки ҳатто истеъмоли ҳамарӯзаи ним банан, як нок, се ё чор қошуқ испаноқ (80 гр) аз бемориҳои дил ва саратон эмин нигоҳ медорад. 

Сабзавоте, ки хатари бемории саратонро коҳиш медиҳанд:

– Сабзавоти сабзранг (аз қабили испаноқ) 

– Сабзавоти зардранг (аз қабили қаламфури булғорӣ)

– Сабзавоти чилликгулҳо (аз қабили гулкарам)

Мева ва сабзавоте, ки хатари бемории дилро пешгирӣ мекунанд:

– Себ

– Нок

– Ситрусҳо (аз қабили афлесун ва лиму)

– Хӯришҳои кабудӣ

– Сабзавоти сабзбарг (аз қабили коҳу)

– Сабзавоти чилликгулҳо 

Шахсоне, ки мева истеъмол намекунанд, бояд донанд:

– Истеъмоли 200 гр меваю сабзавот 13% ва 800 гр 28% хатари бемории дил ва рагҳоро коҳиш медиҳад;

– Истеъмоли 200 гр меваю сабзавот 4% ва 800 гр 13% хатари бемории саратонро коҳиш медиҳад;

– Истеъмоли 200 гр меваю сабзавот 15% ва 800 гр 31% фавти бармаҳалро пешгирӣ менамояд;

Новобаста ба фоида ва таъсирҳои шифобахши меваю сабзавот, на ҳар сокини курраи Замин барои истеъмоли онҳо имкон дорад. Мувофиқи иттилои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аксарият ҳатто ҳамарӯза имкони истеъмоли 400 гр меваю сабзавотро надоранд. 

Духтур ва муҳаққиқ Дагфинн Ауне доир ба таъситҳои фоидабахши меваю сабзавот мегӯяд: “Истеъмоли бардавоми меваю сабзавот сатҳи холестирин ва фишори хунро паст карда, рагҳои хун ва системаи иммуниро қавӣ мекунад. Сохт ва таркиби мураккаби меваю сабзавот боиси он мегардад. Масалан, антиоксидантҳои меваю сабзавот ДНК-ро ҳифз карда, хатари бемории саратонро коҳиш медиҳанд”.

Дагфинн Ауне зимни мусоҳиба дар шабакаи “BBC” қайд кард: “Истеъмоли ҳаррӯзаи 400 гр меваю сабзавот ба саломатии инсон муфид буда, ҳатто аз ин миқдор зиёд низ манфиатбахш мебошад”

Алисон Тедстон сардухтури диетологияи Ҷамъияти тандурустии Англия дар ин бора зикр мекунад: “Ҳаррӯза истеъмоли 400 гр меваю сабзавот мувозинати ғизогирии солимро нигоҳ дошта, бемориҳои гуногунро пешгирӣ менамояд. Аз ин миқдор зиёд хӯрдан хуб аст ва метавонад боиси натиҷаҳои ғайривоқеӣ ҳам гардад”

Бояд қайд кард, ки ҳангоми гузаронидани чунин тадқиқот, таъсири одати ҳамарӯзаи меваю сабзавотхӯриро ба тарзи ҳаёт ва тамринҳои ҷисмонӣ таҳқиқ нашудааст. Вале Дагфинн Ауне иброз медорад, ки бешубҳа чунин одати солим ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти фарди ҷомеа таъсирҳои мусбат мерасонад.

– таҳияи Саид Муъмин


Анор

10 ғизои баданро аз варам раҳодиҳанда

Ҳафт муъҷизаи қуръонӣ: МАВЗ

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s