Оё миёни талотуми машғалаҳои дунявӣ барои фарзандонамон ба қадри кофӣ вақт ҷудо мекунем? Зеро равоншиносон қайд мекунанд, ки ҳамроҳи оила “вақти самаронок” гузаронидашуда, боиси тарбия ёфтани шахсияти қавидилу хушбахт дар фарзанд мешавад.
Муҳаққиқон “вақти самаранок” гуфта, замонеро меноманд, ки волидайн тамоми тамаркуз ва диққати хешро болои фарзандон карда, рафтору гуфтор, нақшаи вақтгузарониро бинобар хост ва талаботи рушди солими кӯдак ба роҳ мемонанд. Дар баробари ин кӯдак аз ин гуна вақтгузаронӣ баҳравар шуда, меҳру садоқат ва амну эътимодаш ба падару модар бештар мегардад. Аз ин рӯ равоншиносон ва духтурони оилавӣ ба таври ҷиддӣ ба оилҳо талқин менамоянд, ки бо фарзандон ҳар чӣ муассиртар ва тӯлонитар “вақти самаранок” гузаронанд.
Бахусус кӯдакони синни аз 3 то 6-солагӣ вобаста ба нозукияти тарбия ва ҷинсият эҳтиёҷ ба чунин “вақти самаранок” доранд. Писарон ҳамроҳи падар ва духтарон ҳамроҳи модар вақт гузаронида, дар ин овон адабу одоби лозима омӯзонида шавад. Ҳолати мазкур барои ташаккули шахсияти ояндаи кӯдак нақши муҳим бозида, эътимод ва иродаи фарзандро дар ҳалли мушкилоти мустақбал қавӣ мегардонад.
– таҳияи Садбарги Ҳаким
2 Comments Add yours