Рушди равонии кӯдак: одоби қазои ҳоҷат

Ба касе пӯшида нест, ки ҳар волидайн ҳар чӣ зудтар мустақилона ба ҷой овардани қазои ҳоҷати кӯдакро мехоҳанд. Вале на ҳамаи онҳо хабар доранд, ки мушакҳои идоракунандаи қазои ҳоҷат баъд аз синну соли муайян инкишоф меёбанд.

Ҳамзамон бояд қайд кард, ки инкишофи мушакҳои масъули қазои ҳоҷат дар ҳама кӯдакон мутафовит мебошад. Аз ин рӯ дар ин овон кӯдакро бинобар тагашро тар кардан маҳҷуб накунед. Чунин мушакҳо одатан баъд аз 18-моҳагӣ инкишоф меёбанд. Ишораи онро метавон зуд пай бурд. Зеро кӯдаке, ки то 18-моҳагӣ тагашро тар мекарду аз он ба касе хабар намедод, минбаъд, агар тагашро тар кунад, атрофиёнро бо нороҳат шуданаш огоҳ мекунад. Баъдан қабл аз қазои ҳоҷатро ба ҷой овардан ӯ ба ҳаяҷон даромада, ҳоло тагашро тар накарда, модарашро бо имову ишорат огоҳ мекунад. Кӯдак дарҳол ба сӯйи ҳоҷатхона равон мешавад, вале аксар вақт ба он нарасида, тагашро тар мекунад. Ана дар ҳамин овон волидайн бояд пас аз хӯроки наҳорӣ ва вақтҳои муайяни рӯз кӯдакро мунтазам ба ҳоҷатхона бурда, одоби қазои ҳоҷатро омӯзонанд. Чунин “сайр”-ҳои мунтазами ҳоҷатхонаравӣ ба кӯдак одати бармаҳал қазои ҳоҷат карданро меомӯзонад.

Ҳамчунин ногуфта намонад, ки вақте кӯдак ба ҳоҷатхона медарояд, модар ё падар низ бояд ӯро ҳамроҳ бошанд. Ҳар гоҳе кӯдак қазои ҳоҷатро ба ҷой меорад, ӯро аз ҷой хезонда, муддати тӯлонӣ дар ҳоҷатхона вақт гузарониданро мусоидат накунанд. Ҳар вақте кӯдак қазои ҳоҷаташро бармаҳал ба ҷой меорад, ӯро ҳатман мукофотонед. Мукофотҳо набояд доим моддӣ бошанд; сарашро сила кардан, як сухани гуворо, таърифу таҳсин низ кӯдакро барои бармаҳал ба ҷой овардани қазои ҳоҷаташ метавонад ташвиқ намояд: “Офарин, духтарам калон шудааст!”, “Писарам қандашро занад, аллакай марди қавӣ шудааст!”

Ба ҳеҷ ваҷҳ кӯдакро ба таври маҷбурӣ ба ҳоҷатхона надароред ва агар дар ҳоҷатхона барои адои қазои ҳоҷат нишаста бошад, бо зӯрӣ аз ҷояш нахезонед. Зеро агар кӯдак ҳоҷат ба он ҷо рафтан надошта бошаду ба таври маҷбурӣ ӯро ба ҳоҷатхона дароред, ҳар вақте пешобаш ояд, бинобар нафрати пайдошуда ва таассури манфӣ, ба ҳоҷатхона рафтанро қабул накарда, доим тагашро тар мекунад. Чунин кӯдакон ҳарчанд бо нафрат дар ҳоҷатхона нишинанд ҳам, вале ҳоло пешобашонро то охир накарда, ҳамоно аз ҷой хестан мехоҳанд. Аз ин рӯ пешоб ба либосҳояшон мерасаду аз ин ҳолат нороҳат гашта, волидайнро айдбор мекунанд. То ҳатто соатҳои зиёд асабӣ шуда ҳам мегарданд.

Одатан кӯдакони ба синни 2-солагӣ расида, қабл аз тагашонро тар кардан, модарашонро огоҳ мекунанд. Чунин ҳолатро фурсат дониста, модарон ҳар пагоҳӣ пас аз хоб бедор шудан, баъд аз хӯрок хӯрдан ва шабона пеш аз хоб рафтан кӯдакро ба ҳоҷатхона баранд.

Кӯдакон тадриҷан аввал идораи қазои ҳоҷати хурд ва баъдан идораи қазои ҳоҷати калонро меомӯзанд. Ҳамчунин аввал рӯзона ва баъдан шабона ҳам идора кардани қазои ҳоҷаташонро азхуд мекуананд.

Дар ин миён бояд қайд кард, ки кӯдакони 3-сола аллакай рӯзона қазои ҳоҷаташонро бо осонӣ идора карда метавонанд. Вале баъзан саргарми бозӣ шуда, то дақиқаи охирин пешобашонро медоранд. Вақте пешобашон мерезад, баъд тасмим мегиранд, ки ба ҳоҷатхона раванд, лекин аллакай дер мешаваду тагашонро тар мекунанд.

Ба диққати падар ва модаре, ки фарзандро одоби қазои ҳоҷат меомӯзонанд:

– Вақте кӯдак ҳоло омода нест, ӯро барои риояи одоби қазои ҳоҷат маҷбур накунед. Зеро мушакҳои идоракунандаи қазои ҳоҷат дар кӯдак ҳоло ба қадри кофӣ инкишоф наёфтаанд;

– Ҳангоми омӯзонидани одоби қазои ҳоҷат, бо кӯдак аз ҳад зиёд сахтгиру бисёрталаб набошед. Зеро ҳар чизе барои мо муқаррарӣ аст, дар назари вай ҳоло нав метобад. Сахтгириву аз ҳад зиёд талаб кардани риояи тозагӣ кӯдакро аз одоби қазои ҳоҷат нафрат кунонида, дар оянда боиси ноқис мондани инкишофи равонии шахсияташ гардида метавонад;

– Дар ин раванд волидайн бояд босабр бошанду оқилона амал кунанд. Бо кӯдак мушфиқона рафтор карда, барои омӯзиши одоби қазои ҳоҷат усули муносибро ба кор баранд.


Рушди равонии кӯдак: аз чор то шашсолагӣ

Рушди равонии кӯдак: сесолагӣ

Баъд аз 3-солагӣ аллакай дер мешавад!

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s