Агар то ҳол кӯдаки навзодро дар рахти хоб ҳамроҳи худ мехобонида бошед, ҳар чӣ тезтар аз ин одат даст кашед. Бахсусу, агар падар ё модар аз ҳад зиёд фарбеҳ, сигоркашу майзада, ё пеш аз хоб доруи таскинбахшу оромкунанда мехӯрда бошад, эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки худ нафаҳмида ҳангоми хоб бо вазни худ кӯдакро зер карда, бикушад.
Ҳолатҳои зиёди ба марг дучор шудани кӯдак, маҳз бо сабаби беътиноии волидайн ҳангоми хоб ба вуқуъ мепайвандад. Аз ин рӯ ҳар чӣ тезтар ҷойи хоби навзод алоҳида карда шавад. Духтурони оилавӣ иброз медоранд, ки аллакай баъд аз яксолагӣ кӯдак ҳатман дар рахти хоби худ дар ҳуҷраи волидайн хоб кунад. Чунин амалро рӯзона ба ҷой оварда, батадриҷ шабона ҳам ба роҳ монед. Агар волидайн сигоркашу майнӯш бошанд, пас бо мурури замон ҳуҷрааш низ алоҳида карда шавад, зеро ҳавои ғализ ва нафаси бадбӯйи волидайн ба саломатӣ ва вазъи равонии кӯдак зиён расонида метавонад.
– таҳияи Садбарги Ҳаким
Нос – бадбӯӣ ё кайфияти замона?
5 Comments Add yours