Оғӯши модар

Зан, ки ҳамроҳи писараш ба боғчаи аз ҳама замонавии шаҳр омада буд, аз навиштаи зебои пушти дар утоқи директор будани онро донист. Дарро тақ-тақ карда, иҷозаи даромадан хост.

− Писарамро ба боғчаи шумо доданиам, ҷаноб. Шунидам, ки аз ҳама боғчаи наву замонавии шаҳр ҳамин будааст, – гуфт баъд аз салому алейк.

− Дуруст шунидаед, хонум. Аз сар то пойи боғчаамон замонавист, − гуфт директори боғча.

Зан аз шунидани ин гап хеле хушҳол шуд. Вай дарҳол кӯдаки дасташро ба директор нишон дода, афзуд:

− Замонавӣ будан хеле хуб аст, шояд ин беқарори моро ором карда тавонад.

Директори боғча кӯдаки дар оғӯши модараш беқарорро ба даст гирифта, каме гирди утоқ гардонд. Сипас, пурсид:

− Духтар аст, ҳамин тавр не? Синну солаш ҳам якуним дусола…

− Бале, бале. Зуд пай бурдед,- гуфт модари кӯдак ва афзуд, − ман худ як одами ҷамъиятиям. Вале бо тарбияи ин майдаяк овора шуда, дар хона маҳбус мондам.

Директор баъзе коғазҳоро рӯи миз бароварда, ба зан нигарист:

− Шартномаро ҳармоҳа мебандем. Маблағ ҳам пешакӣ пардохта мешавад. Чунки ин нисбатан замонавитар аст. Шумо хонум, бо ин қисмат ошно шавед ва он чӣ дар ин бахши шартнома гуфта шудааст, бояд ба иҷро расонед.

Зан ба варақ як чашм давонда, сипас, иброз дошт:

− Пул муҳим нест, ҳар қадар лозим бошад, мепардозам. Фақат сатри аз ҳама поёниро нафаҳмидам.

Директор ҳам варақаро аз дасти зан гирифта, нигарист ва нидо кард:

− Ҳааа..! Бале, ин моддаи шартнома хеле муҳим аст. Як либосатонро ҳатман оварданатон даркор. Хоҳ курта аст, хоҳ ҷома, фарқаш нест.

− Ҷома? – бо ҳайрат пурсид зан.− Чӣ кор мекунед?

Директор бо ҷиддият изҳор дошт:

− Як пажӯҳиш, хонум! Як пажӯҳиши илмӣ анҷом додем. Кӯдак вақте ба хоб рафт, болояшро бо курта ё ҷомаи модараш мепӯшонем. Барои он ки мисли оғӯши модар аст..!

– Башир Усмон, Ҳадяи зиндагӣ


Танҳоӣ
Ниҳоли зиндагӣ
Шир

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s