Сармоя ва нерӯ дар футбол ақлу ҳушро мегирад? (1)

Рӯзҳои охири моҳи сипаришуда Маурисё Зампарини роҳбари клуби “Палермо”-и италиявӣ (Серияи А) баъд аз 15 соли фаъолият ба истеъфо рафт. Аз ин кори ӯ аз ҳама зиёд мураббиён хушҳол шуданд, зеро тӯли 15 соли роҳбарии Зампарини даста 39 мураббӣ иваз кардааст. Баъзе мураббиён ҳатто баъди чанд ҳафтаи фаъолият ронда мешуданд. Дар мавсими нави лига бошад “Палермо” то ин дам 5 маротиба сармураббии нав таъин намуд. Ҷованни Бози 10-уми феврали соли ҷорӣ сармураббии “Палермо” таъин гардид ва баъд аз як бозӣ бо тими “Торино” (1:3) шиакст хӯрда, баъди 5 рӯз аз мақомаш ронда шуд, ки ин рекорди Зампарини ба ҳисоб меравад. Ҳамаи мураббиёне, ки Зампарини аз даста рондааст, италиявӣ буданд, ба ҷуз аз Диего Лопеси уругвайӣ, ки миллиарддор чанд ҳафта қабл аз рафтанаш таъин карду ҳанӯз ҳам фаъолият дорад.

Чунин рафторҳои девонавори Зампарини дар ҷаҳони футбол аввалину охирин нест. Дар кишварҳое, ки фарҳанги футбол аллакай рушд кардааст, роҳбарони онҳоро на ҳама мешиносанд, лекин дар Италияву Испания баъзе роҳбароне ҳастанд, ки бо корнамоиҳои худ вирди забон мешаванд. “Премйер лига”-и Англия низ истисно нест.

Роман Абрамович (дастаи “Челси”)

Роман Абрамович соли 2003 вақте клуби “Челси”‐ро харидорӣ кард, монанди оне ки ҷуроб иваз мекарда бошад, пайи ҳам мураббиёнро иваз мекунад. Соли 2004 вай Клаудио Ранйериро – беҳтарин мураббии соли 2016, шахсе, ки баъд 123 сол тими “Лестер”‐ро қаҳрамони Премйер Лига кард, аз дастааш пеш кард. Жозе Моуриню соли 2004 сармураббии “Челси” таъин гардид ва то соли 2007 курсияшро ҳифз кард. Мутахассиси португалӣ ягона мураббие мебошад, ки муҳлати тӯлонӣ дар ин мақом боқӣ мондааст. Луис Фелиппе Сколари соли 2002 бо мунтахаби Бразилия соҳиби “Ҷоми Ҷаҳон” гардид, аммо дар дастаи Абрамович танҳо 6 моҳ фаъолият карда тавонисту халос. Ду маротиба муваққатан то интихоби номзади арзанда мутахассиси ҳолландӣ Гус Хиддинк ба кӯмаки Абрамович расид.

Андре Виллаш‐Боаш баъд аз муваффақиятҳо бо дастаи “Порту” ҳамчун “Моуринюи нав” ном баровард, лекин Абрамович ӯро танҳо 8 моҳ таҳаммул карда тавонист. Роберто Ди Матео “Ҷоми лигаи қаҳрамонҳо”-ро, ки соҳибкори рус солҳо боз орзуи онро дошт ва барои ба даст овардани он то он замон аллакай як миллиард евро харҷ карда буд, ба осорхонаи дастовардҳои дастаи “Челси” гузошт. Аммо ба ҳамаи ин муваффақиятҳо нигоҳ накарда Ди Матео баъд аз 7 моҳ аз мақомаш ронда шуд. Ягона нафаре, ки ба ихтиёри худ тими лондониро тарк кардааст, мутахассиси италиявӣ Карло Анчелотти (2009‐2011) аст.

Мавсими навро дастаи “Челси” бо мураббии нав, Антонио Конте бо муваффақият оғоз намуда, ҳоли ҳозир дар зинаи аввали ҷадвал қарор дорад ва маълум нест, ки Конте то кай дар даста боқӣ хоҳад монд.

(давом дорад)


“Ла Масия” бештар аз академияи муқаррарӣ аст

Рақами футболбозон ба худ маънои хос дорад

Қаҳти риҷол ва “онҳо”

6 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s