Зефир

Ба гумонам, нафаре нест, ки аз ширинии зефир огоҳ набошад. Ҳар вақте ба он назар мекунед, ҳеҷ андеша кардаед, ки мояи зефирро дар асл себ ташкил медиҳад. Ба ин қад сафедии зефир аз ҳисоби интихоби дурусти навъи себ ва қиёми фирнии (пюре) аз он омодашуда ба даст оварда мешавад.


250 гр фирнии себ (4 себи калонҳаҷм), 250 гр шакар, 1 дона сафедии тухм, 1 дона халтачаи шакари ванилӣ;

Қандоб: 475 гр шакар, 160 гр об, 8 гр агар-агар, 4 қошуқча хокаи шакар баро ороиш;

Халтачаи махсуси қаннодӣ бо сараки калонмиқёс


1. Инак, сараввал агар-агарро дар об (160 гр) тар карда монед.

2. Себҳоро дар тафтдон дар дараҷаи баланд бипазед. Барои қулайтар пухтан онҳоро аввал ба ду қисм тақсим карда, тухмиҳояшро тоза кунед. Баъдан метавонед дар дохили тафтдони микромавҷдор низ як себро дар муддати як дақиқа бипазед. Баъд аз пухта шудани себ бо қушуқ аз пӯсташ ҷудо кунед.

Screen Shot 2017-03-07 at 10.50.37.png

3. Акнун себро майда-майда карда, то фирнӣ шудан зер кунед. Барои осонии кор ва ба даст овардани фирнии мукаммал метавонед аз блендер истифода баред. Агар блендер надошта бошед, пас метавонед себро аз сабзитарошак гузаронед.

4. Ҳоло ки фирнии себ (250 гр) гарм аст, ба он шакар (250 гр) ва шакари ванилӣ илова намуда, як соат барои бапуррагӣ хунук шудан як сӯй гузоред. Дар ин миён махлутро баъзан аралаш карда истед.

5. Агар-агари дар об тар кардашударо болои оташ гузошта, то қариби ҷӯшидан аралаш карда истед. Агар-агар бояд бапуррагӣ дар об ҳал шуда, қиёми ғафсро ба миён орад.

6. Акнун ба қиёми агар-агар шакарро (475 гр) илова карда, тақрибан 5 дақиқа аралаш карда истед. Ин амалро то расидани дараҷаи гармии қандоб ба 110 °С давом диҳед. Қандоб қиёми ғафс мегирад. Агар белча ё қошуқеро, ки бо он қандобро аралаш кардед, бардоред, бояд бинобар ғафсияш қиём ба монанди риштае часпида хезад. Қандобро барои андаке хунук шудан ба як сӯй гузоред.

Screen Shot 2017-03-07 at 10.51.22

7. Акнун ними сафедии тухмро ба фирнии себ илова карда, бо миксер то ранги рӯшани кремӣ гирифтан бо суръати баланд бо ҳам омезиш диҳед. Баъдан ними боқиммондаи сафедии тухмро ҳам илова карда, то шакли ғафси ҳаҷмнок гирифтани фирнӣ онро бо миксер ҳар чӣ бештар лат диҳед. Ин амал тақрибан 5-7 дақиқаро ташкил хоҳад дод.

Диққат! Ногуфта намонад, ки зефир танҳо бинобар сифати ғафсии массаи хуб латдодашудаи фирнии себ омода мешавад. Агар-агар ба он танҳо устуворӣ ва ёзандагӣ мебахшад.

8. Оҳиста-оҳиста ба фирнии омодашуда қандоби андаке хунукшударо илова кунед. Дар баробари илова намудани қандоб махлутро лат дода бо ҳам аралаш кунед.

9. Баъд аз он ки қандобро бапуррагӣ ба фирнӣ илова мекунед, боз якчанд дақиқа лат дода аралаш кунед. Махлути омодашуда бояд ба безе монанд шавад. Аз ин рӯ ҳангоми омода намудани зефир ҳар чӣ зарфи калонтару васеътарро истифода кунед, зеро ҳаҷми махлут ба андозае ҳаҷмнок мешавад.

bag10. Акнун ҳар чӣ тезтар фирнии омодашударо ба халтачаи қаннодӣ рехта, болои қоғаз барои пухтупаз шакл дода резед. Аз ин миқдор фирнӣ тақрибан 60 дона зефир омода карда мешавад. Аз ин рӯ ин амалро дар ҷое ба анҷом расонед, ки масоҳати васеъ дошта бошад.

Диққат! Аз хотир набароред, ки маҳсулоти дар таркибашон агар-агар дошта, аллакай дар дараҷаи 40 °С гармӣ сахт мешаванд. Аз ин рӯ интизор нашуда, ҳарчӣ тезтар фирниро бо халтачаи қаннодӣ шакл дода рехтан гиред.

11. Баъд аз он ки тамоми махлутро аз халтача гузаронида, дар болои қоғази пухтупаз ҷой мекунед, зефирҳоро барои як шабонарӯз барои хунук шудан гузоред. Дар ин муддат зефир ба қиём ва устувории лозима расида, болояш қабати сахтаки шакарӣ мегирад. Акнун зефирро бо хокаи шакар оро диҳед.

12. Метавонед зефирҳоро бо ҳам часпонед. Азбаски таги онҳо часпак аст, онҳо бо осонӣ бо ҳам мечаспанд.

– Ирина Чадеева, “Пироговедение”


Торти хонагӣ бо крем ва буттамеваҳо

Пироги себӣ

Кекс бо хурмо

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s