Раванди иҷтимоишавии кӯдак (1)

Вақте кӯдак ба дунё меояд, ӯ барои дарки муҳит ҳамчун саҳифаи поку тоза омода аст. Яке аз ҷанбаҳои муҳими чунин омӯзишро раванди иҷтимоишавии кӯдак ташкил медиҳад. Аз дақиқаҳои аввали ҳаёт навзод зери таъсирҳои олами воқеӣ қарор гирифта, дар пайи шинохти волидайн ва ашхоси муҳити иҷтимоияшро ташкилмедода мешавад. Аз ин рӯ волидайнро лозим меояд, ки аз рӯзҳои аввали ҳаёти фарзанд, ӯро дар самти иҷтимоишавии созандаву накӯ тарбия диҳанд.

Вақте дар ин овон кӯдакро ба оғӯш мегиреду дӯстдорӣ мекунед, ӯ шод шуда, ҳолати мазкурро бо табассумаш изҳор мекунад. Ҳарчанд ҳоло навзод қудрати сухан ронданро надорад, вале ин навъи изҳороти ҳиссӣ худ посухи иҷтимоии ӯ ба атрофиёнаш мебошанд. Агар ба ин посухи иҷтимоии кӯдак мо низ табассум кунем, муҳитро ҳавои хушҳоливу мусбат фаро хоҳад гирифт. Ҳамин тавр навзод худро дар амн ҳис карда, аввалин ғиштчаҳои созанда дар бунияи шахсияти ӯ гузошта мешаванд.

Сароғоз аз ғизодиҳӣ ба кӯдак, то фаъолиятҳои дигар оид ба нигоҳубин бо тамомият аввалин робитаҳои иҷтимоии навзодро бо калонсолону муҳит ташкил медиҳад. Аз ин рӯ волидайн ҳарчанд бештар бо ӯ вақт мегузаронанд, бозӣ мекунанд, суҳбат мекунанд, дӯстдорӣ мекунанд, ба оғӯш мегиранд, ҳангоми маконидану хӯрок додан ба ӯ таваҷҷӯҳ мекунанд, ҳамон андоза дилбастагӣ ва ҳисси амну эътимоди навзод ба падару модараш зиёд мешавад. Чӣ қадаре ки меҳру муҳаббати навзод ба волидайн зиёд гардад, ҳамон андоза ҷаҳди шинохту идроки ӯ нисбат ба олами воқеияш бештар мешавад.

Зинаҳои инкишофи раванди иҷтимоишавӣ дар кӯдак

Семоҳаи аввал: Ба овози атрофиёнаш аксуламал нишон дода, бо лаҳни ба худ хос садо мебарорад. Чунин рафтор нишона аз мароқ изҳор кардани ӯ ба атрофиён аст. Ин моҳҳоро бештар дар пайи шинохти падару модараш мегузаронад.

Семоҳаи сонӣ: Бо падар ва бародаронаш робита месозад. Бо онҳо бозӣ мекунад. Волидайн эҳсосот, хислат ва рафтору гуфтори навзодро меомӯзанд. Дар навбати худ ӯ низ эҳсосот ва имову ишораҳои волидайнро мешиносад. Ҳар вақте ба ӯ таваҷҷӯҳ мекунем ва шод буданамонро нишон медиҳем, ӯ низ аз ин ҳолат хурсанд мешавад.

Семоҳаи сеюм: Ба бегонагон бо шубҳа назар мекунад ва хуш медорад, ки дар атрофаш бештар симоҳои шинос бошанд. Минбаъд дигаронро ҳам ба “доираи шиносҳо”-яш дохил мекунад, вале падару модар доим дар мадди авваланд. Агар онҳоро даме набинад, ғамгин шуда гиря ҳам мекунад.

Семоҳаи чорум: Модараш дар куҷое бошад, ҳамон ҷо рафта бозӣ мекунад. Акнун дӯст медорад, ки дар маркази таваҷҷӯҳи ҳамагон қарор бигирад. Робитаҳои иҷтимоияш нисбат ба моҳҳои гузашта васеътаранд.

(давом дорад)


Рушди равонии кӯдак: одоби қазои ҳоҷат

Навзодро миёни ҳам нахобонед

Вақти самаранок кафолати хушбхатӣ ва қавииродагии фарзанд аст

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s