Сармоя ва нерӯ дар футбол ақлу ҳушро мегирад? (2)

Лусиано Гауччи (дастаи “Перуҷҷа”)

Яке аз дигар роҳбарони “девонахулқ”-и футболи Авурпо Лусиано Гауччи, президенти клуби италиявии “Перуҷҷа” мебошад. Гауччи солҳои 1991-93 ва 1996-2004 роҳбарии клубро бар ӯҳда доштааст. Ҳар “қаҳрамонӣ”-ҳои навбатияш саҳифаҳои матбуотро оро медоданд. Масалан, писари пешвои собиқи Либиё Муаммар Қаззофӣ, Саъдӣ Қаззофиро ба дастааш трансфер кард. Соли 2002 Гауччи футболбози Кореяи Ҷанубӣ Ан Чунг Ванро барои он ки ӯ дар сабқати “Ҷоми Ҷаҳон” ба дарвозаи италиявиҳо гол зада онҳоро аз идомаи мусобиқот маҳрум кард, аз клуб ронд. Ҳарчанд ӯ соли 2004 аз мақомаш рафт, лекин “корнамоӣ”-ҳояш то ҳанӯз вирди забони мардум аст.

Франко Сенси (дастаи “Рома”)

Франко Сенси солҳои 1993‐2008 роҳбарии клуби “Ромар”-ро ба ӯҳда доштааст. Сенси бо он машҳур шуд, ки ҳамаи дастаҳои лигаи “Серияи А”‐ро ба дастаи худ душман кард. Баъд аз ҳар бозӣ доварон ва Федератсия футболи кишвар мавриди ҳадафи Сенси қарор мегирифтанд. Доварон ҳатто баъд аз ғалабаи “Рома” аз ҳамлаҳои ӯ дар амон намемонданд.

Дар мавсими 2003‐2004, вақте “Рома” аз “Болоня” 2:1 шикаст хӯрд, таҳдид кардааст, ки дастаашро аз “Серияи А” хориҷ мекунад. Франко Сенси соли 2008 аз дунё гузашт ва духтараш Роселла Сенси дар курсии ӯ нишаст.

Димитрий Питерман (дастаи “Расинг Сантандер”)

Димитрий Питерман соли 2003 роҳбари клуби испании “Расинг Сантандер” интихоб гардид. Баъд аз сари кор омадани ӯ роҳбарони варзишӣ ва техникии даста ба истеъфо рафтанд. Питерман дар баробари президенти клуб будан хост вазифаи роҳбари варзиширо низ ба ӯҳда бигирад, вале ба сабаби надоштани маълумоти мураббигӣ Федератсия футболи Испания ба ӯ иҷозат надоданд.

Ҷиҳати ҳузур доштан дар майдон ва дастгирии дастааш усули аҷибе истифода бурд. Либоси корманди матбуотро ба бар карда, таҷҳизоти аксбардорӣ дар даст дар канори майдон гаштугузор мекард ва ҳамин тариқ манъи Федератсияи футболро рахна кард. Баъди гузаштан аз курси махсуси мураббигӣ либоси аксбардорро аз тан берун карда, ба ҳайати мураббиён шомил гашт ва дар баъзе бозиҳо дастаро ҳамчун сармураббӣ идора мекард.

– таҳияи Достиев Неъмат


Сармоя ва нерӯ дар футбол ақлу ҳушро мегирад? (1)

Рақами футболбозон ба худ маънои хос дорад

“Ла Масия” бештар аз академияи муқаррарӣ аст

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s