Аз Афлотун ду савол пурсиданд:
1. Кадом рафтори одамият шуморо ба ҳайрат меорад?
– Одамият аз кӯдакӣ ҳамеша орзуи ҳар чӣ зудтар ба камол расиданро мекунад, вале пас аз бузург гаштан, кӯдакияшро ёд мекунад. Ҳамчунин барои ба даст овардани сармоя саломатияшро аз даст медиҳад, вале боз барои барқарор кардани саломатӣ сармоя сарф мекунад. Ояндаашро фикр карда, имрӯзашро фаромӯш мекунад, вале дар охири умр мебинад, ки на имрӯз ва на ояндаашонро зиндагӣ кардааст. Ҳамон гунае ба сар мебарад, ки гӯё намиранда бошад, вале он гунае мемирад, ки гӯё ҳеҷ вақт дар ин олам назистааст.
2. Барои хушбахт зистан чӣ тавсия медиҳед?
– Ҳеҷ касро барои дӯст доштани худ маҷбур масозед! Агар сазовор бошед, бигзор худашон дӯстатон доранд! Вазифаи шумо ин аст, ки шахси лоиқи дӯст доштан бошед. Муҳим он нест, ки соҳиби чизи зиёд бошед, муҳим он аст, ки бо чизи андак эҳтиёҷро бартараф кунед.
– таҳияи Рабиева Ганҷина
5 Comments Add yours