Нӯшокиҳои энергетикӣ нерӯи дилро мегиранд

Имрӯзҳо миёни ҷавонон ва махсусан варзишгарон нӯшидани нӯшокиҳои энергетикӣ зиёд мушоҳида мегардад. Фарзияҳо дар бораи он ки нӯшокиҳои энергетикӣ ба дил зарар мерасонанд, кайҳо боз ба миён гузошта шуда буданд. Акнун бошад муҳаққиқони амрикоӣ дар ин самт таҷрибаҳои амалӣ гузаронида, натиҷаҳои онро дар рафти ҷаласаи Иттиҳодияи кардиологҳои амрикоӣ дар шаҳри Орлеани Нав (Луизина) расонаӣ намуданд. Бинобар натиҷаи таҳқиқот нӯшидани аз 1 то 3 қуттии нӯшокиҳои энергетикӣ дар як шабонарӯз метавонад низоми тапиши дилро тағйир дода, фишори хунро баланд кунад. Чунин тағйирот боиси дилзании номунтазам ва ҳатто марги ногаҳонӣ аз сактаи дил гардад.

Дар таҷрибаи муҳаққиқон беш аз сад нафар аз синни 18 то 45-солагӣ ширкат варзиданд. Ҳамаи нафарони дар таҷриба ширкатварзида то оғози он солим буданд ва аз бемориҳои марбут ба низоми фаъолияти дилу раг шикоят надоштанд. Дар рафти таҷруба онҳоро ба ду гурӯҳ тақсим карданд. 

Нафарони ҳар ду гурӯҳ баъд аз ҳар 6 рӯз бояд рӯзона 2 қуттӣ нӯшокии энергетикӣ менӯшиданд. Вале ба яке аз гурӯҳҳо нӯшокии энергетикиро бо платсебо (маводе, ки ба бадани инсон зараровар нест) иваз карданд. Баъд аз таҷриба ҳамаи иштирокчиён аз муоинаи пурраи тиббӣ гузаштанд. Тибқи натиҷаҳо нафароне, ки нӯшокиҳои энергетикӣ менӯшиданд, ба мушкилиҳои вобаста ба кори системаи дилу рагҳо гирифтор шудаанд. Вале баракс гурӯҳе, ки ба ҷойи ин нӯшокии зараровар платсебо истеъмол мекард, ҳамон гуна саломат монда, дар кори дилу рагҳо ягон тағйироти манфие ба назар нарасидааст.

Корҳо дар самти муайян кардани зарари ин нӯшокиҳо барои дил идома доранд. Олимон мехоҳанд муайян кунанд, ки маҳз кадом моддаҳои ин нӯшокӣ зарарнок аст ва чаро онҳо ба бадани инсон чунин таъсир мерасонанд.

– таҳияи Достиев Неъмат


Истеъмоли меваю сабзавот умрро дароз мекунад

Оби хунук нӯшида хароб шавед!

Гурӯҳи хун ва хислати инсон

5 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s