Масъулиятдорӣ (1)

Масъулият аз решаи суъол аст ва ахлоқи масъулиятдорӣ ва худро масъул шумурдан аз омилҳои асосии осоиши ҷамъият ва инсонҳост. Хоса дар ҳамин шароит ва шабу рӯзе, ки дар ҷамъият як қатор нороҳатиҳои фардиву оилавӣ ба назар мерасанд.

Масалан, дар баъзе оилаҳо миёни ҳамсарон ва ё миёни фарзанд ва падару модар мушкилиҳои ҷиддӣ, аз қабили якдигарнофаҳмӣ, беэҳтиромӣ ба якдигар вуҷуд доранд. Ин мушкилиҳо, ки маншаашон фард ва оила мебошанд, мебинед, ки тадриҷан ба институтҳои дигари иҷтимоӣ акс ёфта, дар ҷомеа ба шикасту тахриботи ҷиддӣ боис мегарданд. Ҳол он ки ҷомеаеро, ки ҷузъҳояш бо накуиву ахлоқ ба вуҷуд омада, афродаш бо хулқи ҳамидаву корҳои шоиста машғул аст, ориза доштанаш ками андар кам дучор меояд. Аз ин лиҳоз, агар дар ҷомеае мушкилиҳо ба вуҷуд омадааст, сабаби онро метавон дар молекулаҳои он ҷамъият, яъне дар афрод ва оила ҷӯё шуд. Бинобар ин, агар мо дар оила ва фаротар аз он дар ҷамъият ҳузуру осоиш ва роҳатро мехоста бошем, пас бояд, ки ҳамчун фардҳои алоҳидаи ҷомеа худамонро масъул бидонем. Аввалтар аз ҳама худро бипурсем, ки барои таъмин кардани ин осоиш чӣ кор карда метавонем. Яъне барои бартараф кардани хатову камбудӣ худамон бояд ҷиддӣ иқдом бигирем.

Масалан, яке аз роҳҳои асосии ҳалли проблемаҳои мавҷудаи ҷомеа он аст, ки сар карда аз мудирон тамоми нафарони муаррифгари як идора ё сохтор тибқи меъёри “раҳбари ҳар қавм ходими он аст” амал намояд. Зеро бо зӯру амр ба натиҷае расидан номумкин аст. Бинобар ин, ҳар мудир, яъне идоракунанда бояд пеш аз ҳама худ вазифаи ба уҳдааш бударо бо садоқат иҷро карда, пасон нафарони тобеъ ё худ кормандонашро барои иҷрои вазифаҳояшон ташвиқ намояд.

Вале, мутаассифона, имрӯз ин масъалаи ниҳоят муҳимро бинобар омили ахлоқие, ки дар ҷамъияти мо мавҷуд аст, татбиқ намудан чандон имконпазир нест. Чаро ки имрӯз зеҳну эҳсоси аксарияти афроди ҷомеаро худбиниву худпарастӣ фаро гирифтааст. Аксарият танҳо дар андешаи худ мебошанд, то дар фикри ҷомеа. Ҳамин аст, ки баъзе афроде, ки дар зинаҳои гуногуни ҳаёт мавқеву мақомеро ифода мекунанд, худро аз дигарон дар фарқ ва боло меҳисобанд ва муносибаташонро бо атрофиён ҳам бо ҳамин фаҳмиш шакл додаанд. Албатта, чунин одату таомули умумиро, ки дар ҷомеа реша давондааст, ба якборагӣ дигар кардан ва ба ҷои он фаҳмиши тозаро ҷо ба ҷо намудан мисли он аст, ки инсон якчанд мутатсияро (тағйироти табиӣ ва ё сунъии хусусияти ирсии организм, ки дар натиҷаи дигаргуншавӣ ва ё вайроншавии хромосомаҳо ва генҳо ба вуҷуд меояд) аз сар гузаронад. Ин дар ҳолест, мавҷуде, ки якчанд мутатсияро аз сар мегузаронад, зинда монданаш амри маҳол, балки номумкин аст.

(давом дорад)


Сармоя ва нерӯ дар футбол ақлу ҳушро мегирад?

Оё дар ҳақиқат барои оиладор шудан омода ҳастед?

Сад дари кушода

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s