Масъулиятдорӣ (2)

Бале, бар дӯши як ҷамъият, ки бори аз тавонаш бештар бор карда шуд, он ҷамъият зери он бор монда нобуд мешавад. Пас, ҳар кас, чунонки дар боло зикр кардем, бояд худашро масъул дониста, шеваи дурусти зисту зиндагӣ, ахлоқи наку ва баҳри осоиши ҷамъият мададрасон буданро пеша кунад. Ба ҷои рафторҳои омиронаву ҳокимона, салоҳ он аст, ки чи кор карданашонро ба инсонҳо нишон дода, онҳоро раҳнамоӣ кардан лозим меояд. Агар ки чунин тарзи муносибатро пеш гирем, бо мурури замон он ба ахлоқи ҷамъият асар карда, ба як анъана ё одати умумӣ табдил меёбад ва аз ҷониби ҷамъият низ пазируфта мешавад.

Инчунин, оне ки худро дар алоҳидагӣ суолуҷавоб намекунад, барои хатову камбудиҳои бавуҷудомада худро масъул намедонад, хатокор ва масъули камбудиҳоро пайваста аз ҷои дигар меҷӯяд. Вале дар натиҷа не хатокорро меёбаду не аз хатову камбудиҳо халос шуда метавонад. Баракс, оне ки “Ман дар куҷо ба хато роҳ додам, ки ҳама чиз ба низом пеш мерафт, вале яку якбора ба мушкил дучор шудам?” гуфта аз худ мепурсад, бо мадади Худованд аз мушкилиҳо раста, муваффақ хоҳад шуд.

Зимнан, ҷавононро лозим аст, ки ҳисси масъулиятдорӣ ва масъулиятшиносиро дар худ ташаккул диҳанд, аз суолу ҷавоб кардани худ ҳарос накунанд. Зеро инсоне, ки аз овони ҷавонӣ, айни ташаккули шахсияташ ба хислати муҳиме чун масъулиятшиносӣ бетаваҷҷуҳӣ мекунад, барои хатоҳои содиркардааш худро пурсуҷӯ наменамояд, бо эҳтимоли калон рафта-рафта ба як худхоҳ табдил меёбад. Минбаъд чунин як нафар дар тамоми зинаҳои ҳаёт кадом вазифаеро бар дӯш дошта бошад, кадом идораеро муаррифӣ кунад, ҳеҷ гоҳ дар камбуду иштибоҳи бавуҷудомада худро айбдор намедонад. Не дар оила, не дар ҷои кор ва не дар ҷамъият… Ин равиш бошад, осоишу ҳузури ҷамъиятро халалдор мекунад. Ҷавонон, агар осоишу роҳати ҷамъиятро бихоҳанд, бояд ки масъулиятдор бошанд.

– Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


Рафтори ҳайратовари одамият

Танҳоӣ

Истеъмоли аз ҳад зиёди шакар зарар аст!

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s