“Хароб мешавам!” гуфта, сифати ширро паст накунед! (1)

Пас аз таваллуд кардани фарзанд бадани аксари занҳо равған мебандад. Аз ин рӯ онҳо барои ҳифзи ҳусни зоҳирии худ ба ҳаргуна парҳезҳо даст мезананд. Парҳезҳое, ки бе машварати табиб татбиқ мегарданд, метавонад ҳам ба саломатии модар ва ҳам ба саломатии навзод зарари ҷиддӣ расонанд. Ҳатто ин амал метавонад боиси қатъ гаштани шири модар низ гардад.

 Доир ба аҳамият ва фоидаи ширмаконии навзод адабиёт ва маводҳои зиёд мавҷуданд. Ҳатто дар арзишҳои фарҳангӣ-миллии мардуми мо ширмаконии модар мақоми хосаро дорад. Ҳамчунин тибби муосир қайд мекунад, ки барои рушди солими ҷисмонӣ ва равонии кӯдак, модар на кам аз якуним-ду сол бояд фарзандашро сина маконад. Чунин ҳолат навзодро аз сирояти бемориҳои гуногун ҳифз карда, боиси сиҳҳатмандиву танумандии кӯдак дар тӯли ҳаёташ мегардад. Барои ин ҳангоми ширмаконии фарзанд занон аз истеъмоли ҳар гуна доруворӣ ва таркибҳои ғизоӣ барои харобшавӣ худдорӣ намоянд. Зеро онҳо метавонанд ба саломатии кӯдак зарар ва ба рушди солимаш халал расонанд.

Бояд қайд кард, аз ҳад зиёд фарбеҳ шудани модар ҳам оқилона нест. Ҳоло як қатор барномаҳои махсуси тамринҳои ҷисмонӣ мавҷуд аст, ки дар давоми рӯз танҳо бо сарф кардани 5-7 дақиқа батадриҷ аз вазни зиёдатӣ метавон халос шуд. Илова ба ин ширмаконӣ худ як навъ тамрин барои харобшавӣ аст. Доир ба ин гуна тамринҳои ҷисмонӣ низ адабиёт ва тавсияҳои зиёд мавҷуданд. Вале набояд аз хотир баровар, ки ҳангоми амалӣ кардани чунин барномаҳои махсус барои харобшавӣ, аввалиндараҷа ҳифзи саломатии фарзанд аст.

Хӯроки наҳорӣ муҳим аст!

Чун шаби дароз кӯдак шир мемакад, модарон пагоҳӣ гушна мемонанд. Аз ин рӯ саҳар иштиҳоро бо ҳар гуна хӯришҳои тезтайёр “накушта”, хӯроки солим тановул намоед. Ҳарчанд хӯрокҳои аз ҳад зиёд равғанин ва ширин метавонанд шири модарро фаровон кунанд, вале набояд аз хотир баровард, ки калорияи зиёди онҳо боиси равғанбадӣ дар бадан ҳам мешавад. Табибон тавсия медиҳанд, ки наҳорӣ бояд аз маҳсулоти аз сафеда ғанӣ ба монанди шир, ҷурғот, тухм, панир иборат бошад. Зеро ин ғизоҳо муддати дароз модарро сер нигоҳ дошта, ба синамаконии бардавом мусоидат мекунанд.

(давом дорад)


Шири модар неъмати бебаҳост!

10 ғизои баданро аз варам раҳодиҳанда

Таъсири як финҷон қаҳва ба организми инсон

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s