Қадри ҳақиқӣ

Дар яке аз машҳуртарин марказҳои санъати кишвари аврупоӣ фурӯши мусаввараҳо баргузор мегардад. Писараке низ барои тамошо ба он ҷо омада буд. Ҳангоми гашту гузор тасвири зебоеро мебинад ва он писандаш меояд. Мехоҳад барои зодрӯзи бародараш маҳз ана ҳамин тасвирро харидорӣ карда, ҳадя намояд. Вале арзиши он хеле гарон буд.

Писарак барои худ коре меёбаду баъд аз муддат каме маблағ ҷамъоварӣ мекунад. Вақте барои харидорӣ кардани ҳамон сурат меояд, мебинад, ки он ҳоло ҳам дар ҷояш истодааст. Ба дарун даромада, суратро аз наздик хеле зиёд тамошо мекунад. Баъдан рассомеро, ки ин тасвирро нақш карда буд, пайдо мекунад. Ва бо самимияти зиёд мегӯяд:

– Мехоҳам ин расми кашидаатонро дар рӯзи зодрӯзи бародарам барояш тӯҳфа кунам, вале ҳамаи сармояам ҳамин қадар аст.

Рассом баъд аз арзи писарак хеле фикр карду ба қароре омад. Ӯ расми кашидаашро ба коғазе печонида, онро ба писарак фурӯхт. Писарак расмро гирифта, изҳори миннатдорӣ карда, баромада рафт. Рафиқони рассом, ки дар он ҷо ҳузур доштанду шоҳиди ин ҳодиса буданд, бо ҳайрат аз ӯ пурсиданд:

– Ҳо, ту чаро ин корро кардӣ? Арзиши ҳақиқии он расмро медонӣ, ки чӣ қадар буд? Миллионҳо доллар арзиш дошт! Ту бошӣ онро бо маблағи ночизе фурӯхтӣ!

Рассом оромона, бо камоли мамнуният посух дод:

– Бале, рост мегӯед, ки арзиши ҳақиқии он расм хеле гаронтар буд. Ман метавонистам шахсони зиёдеро пайдо кунам, ки онро бо нархи гаронтар харидорӣ кунанд. Вале чанде аз онҳо ҳозир мешуданд, ки тамоми дороияшонро барои ин расм диҳанд?!

“Инсони муосир нархи ҳама чиро медонад, вале ба қадру қимати чизе намерасад!”

– таҳияи Рабиева Ганҷина


Рафтори ҳайратовари одамият

Оғӯши модар

Парвоз

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s