Машқҳои сабуки ҷисмонӣ
Дар баробари танзими ғизогирӣ ҳамчунин ба ҷой овардани тамринҳои рӯзмарра муҳим аст. Ҳарчанд модарон шикоят мекунанд, ки бе он ҳам вақти холӣ ҳатто “барои сархорӣ” надоранд, вале чунин тамринҳо баданро зинда дошта, аз пажмурдагӣ нигоҳ медоранд. Тамринҳои мазкурро ҳамроҳи кӯдак ҳам ба ҷой оварда метавонед. Ҳар пагоҳӣ ва ё ягон вақти муносиб навзодро ба аробачааш хобонида, барои гашту гузор ба соҳили дарё ё боғи шаҳриву маҳаллӣ бароед. Чунин гашту гузорҳои ҳаррӯзаи яксоатӣ баданро қувват бахшида, барои хароб гаштан мусоидат мекунад. Ҳамчунин оббозӣ низ барои сӯзонидани калорияҳои зиёдатӣ ва тару тоза нигоҳ доштани пӯсти бадан имкон медиҳад.
Афсӯс теъдоди зиёди занони хонашини тоҷикистонӣ ба тамринҳои ҳаррӯза бегонаанд. Ҳарчанд оворагии бардавом бо корҳои хонавода вақти зиёдро мегирад, вале амалҳои мунтазам ба ҷой меоварда касро боинтизом ва масъулиятшинос мегардонанд. Илова ба ин тамрин ақлу заковатро низ қувват бахшида, модарро ҳушёртару солимтар мегардонад. Мақсад аз тамринҳои ҷисмонӣ машқҳои вазнини ранҷовар нест, балки машқҳои сабуки роҳатбахш мебошад. Ҳамин тавр зан ҳамчун модар барои фарзандаш солимтар ва ҳамчун ҳамсар барои шавҳараш дилкаштар мегардад.
Аҳамияти меъёри хӯрокхӯрӣ ва обнӯшӣ
Мутахассисон қайд мекунанд, ки барои фарди ҷомеаи бо корҳои сабук машғулбуда, дар як шабонарӯз истеъмоли 1000-1200 ккал кифоят мекунад. Барои модарони ширмакон бошад боз 500-800 ккал иловагӣ лозим аст. Аз ин миқдор зиёди калорияҳо ба равғанбандӣ роҳ медиҳанд. Ҳамчунин дар давоми рӯз хоби сабук аз бисёр хӯрдан ва ба ҳар гуна хӯрокҳои ширину равғанӣ рӯ овардан бозмедорад. Нарасидани хоби ҳаррӯза барои иҷрои машқҳо ва худро хаста ҳис кардан сабаб мешавад. Аммо хоби мунтазам бошад фаъолияти ҷисмро мӯътадил нигоҳ медорад.
Илова ба ин модарони ширмакон бояд ба истеъмоли меъёри рӯзмарраи оби тоза аҳамият диҳанд. Дар хотир доред, ки чой низ сабаби аз бадан хориҷ кардани моддаҳои гуногун ва кам шудани равған дар бадан мегардад. Дар давоми рӯз 1,5-2 литр об нӯшидан барои ҳаракати бадан, об шудани равғанҳои иловагӣ ва пок кардан аз ҳаргуна моддаҳои заҳролуд мусоидат мекунад. Меъёри муътадили истеъмоли обро метавон аз ранги пешоб муяйн кард. Агар ранги пешоб ҳар чӣ тира бошад, пас организм ҳоҷат ба обнӯшии бештар дорад. Ҳамарӯза бинобар меъёри лозима нӯшидани оби тоза боиси харобшавии бадан мегардад.
Ҳамчунин барои идора кардани меъёри хӯрокхӯрӣ занҳои ширмакон аз табақҳои хурд истифода кунанд. Ҳарчӣ табақ калон бошад, ҳамон андоза хӯроки зиёд гузошта мешавад. Ва шахс худро ӯҳдадор медонад, ки ҳамаи онро бихӯрад. Гуфта мешавад, майнаи сари инсон танҳо баъд аз 20 дақиқаи аввали хӯрокхӯрӣ муайян мекунад, ки аллакай сер шуда истодааст. Аз ин рӯ хӯрокро бинобар меъёр саросема нашуда, ғизоро боэътино хоида фурӯ баред.
– таҳияи Рабиева Ганҷина
One Comment Add yours