Хобҳои ҳавлнок фоидабахшанд

Хоб дар раванди барқарорсозии бадан ва гирифтани нерӯи тоза нақши муҳимро мебозад. Ҳарчанд кас мехоҳад, ки доим “хобҳои ширин” бинад, вале вуҷуди хобҳои ҳавлнок ё кобус низ аз ҳикмат холӣ нестанд. Кобусҳо гуногун мешаванд: ҳавлнок, шум, бо арақи сард, тапиши аз ҳад зиёди дил ва дарди сар. Бояд қайд кард, ки кобусҳо худ аз худ пайдо намешаванд. Барои пайдо шудани онҳо заминае мавҷуд аст. Аз нигоҳи равоншинос Зигмунд Фрейд, ки аз аввалинҳо шуда табиати хобро омӯхтааст, кобусҳоро ишораҳои рамздоре меномад, ки зершуур онҳоро ба шуур интиқол медиҳад.

Ҳамин тавр илми муосир қайд мекунад, ки кобусҳо барои осонтар паси сар кардани ҳолатҳои стрессии рӯзмарра кӯмакрасони хуб ҳастанд. Азбаски майнаи сар хобҳои ҳавлнокро ҳамчун рӯйдоди воқеӣ қабул мекунад, баъд аз бедор шудан онҳо ба хотира мубаддал мегарданд. Минбаъд, ҳар вақте инсон бо ҳолатҳои стрессии муқаррарӣ рӯ ба рӯ мешавад, бинобар таҷрубаи хобҳои ҳавлнок майнаи сар ҳалли мушкилиро осон пайдо мекунад. Кобусҳо барои майнаи сар ҳамчун “тамрин” барои паси сар кардани мушкилиҳо хизмат мекунанд.

Хобҳои ҳавлнок бесабаб нестанд

– Аз нигоҳи илми равоншиносӣ кобусҳо ин маҳсули фаъолияти майнаи сари инсон ҳастанд. Майнаи сар эҳсосу таассуроти манфӣ ва мушкилиҳои ҳалношудаи ботиниро коркард намуда, тавассути хоб онҳоро дар шакли кобусҳо безарар мегардонад.

– Агар такрори кобусҳо ба ҳадде расида бошад, ки ҳар шаб шуморо нороҳат мекунанд, пас вақти он аст то ба дунёи ботинии худ таваҷҷуҳ намоед. Одатан фарди ҷомеа дар рафти оворагӣ бо машғалаҳои рӯзмарра мушкилиҳои пайдошудаи ботинӣ-виҷдониро пай намебарад. Вале фаъолияти зершуур назар ба шуур нозукбинтар ва ҳушёртар аст. Аз ин рӯ зершуур тариқи кобусҳо паём мерасонад, ки вазъи рӯҳӣ-равонии шахс дучори мушкилиҳои маънавӣ гаштааст.

– Табибон қайд мекунанд, ки то шахс ба ҷиддияти кобусҳои такроршаванда аҳамият надиҳад, мушкилии равонии ӯ ҳалли худро пайдо намекунад. Танҳо, вақте шахс ба дарки он паёмҳои рамздор мерасаду чораҳои заруриро меандешад, кобусҳо қатъ мегарданд.

– Баъзан сабаби пайдо шудани хобҳои ҳавлнок ин тарзи хоб кардани нодуруст аст. Агар шакли хобкунии шахс ба гардиши мунтазами хун дар рагҳо халал мерасонида бошад, ба майнаи сар ба қадри кофӣ оксиген нарасида, боиси пайдо шудани кобус мегардад. Аз ин рӯ танҳо иваз кардани шакли хобкунӣ метавонад мушкилии кобусбиниро аз байн барад. Вале агар манбаи мушкилӣ амиқтар ҷой шуда бошад, ин “ҳилла” ба кор намеояд.

– таҳияи Достиев Неъмат


Нури экран ва майнаи сари инсон

Оқибати камхобӣ

Тавсияи полиглотҳо оид ба омӯзиши забони хориҷӣ

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s