Ҳамоне бош ё бош, ки ҳамонӣ!

Китоб: “Быть, а не казаться” Размышления об истинном успехе

Муаллиф: Стивен Кови

Нашриёт: Манн, Иванов и Фербер, соли 2016

Теъдоди саҳифа: 240

Забони китоб: русӣ


Стивен Кови яке аз мутахассисони беҳтарини дунёи тиҷорат ба ҳисоб меравад. Ӯ муаллифи асар ва мақолаҳои зиёди соҳавӣ буда, барои беҳбуд ва рушди малакаҳои олии башарӣ саҳми арзанда гузоштааст. Асарҳои ӯ ба 40 забони гуногуни дунё трҷума ва беш аз 20 миллион нусха фурӯхта шудаанд. Ҳамчунин бояд қайд кард, ки Стивен Кови муассиси ширкати “FranklinCovey” мебошад, ки дар беш аз сад кишвари олам фаъолият карда, оид ба масоили тиҷоратӣ, муваффақияти шахсиву омма, оиладорӣ, иҷтимоӣ ва ғайра семинару курсҳои инфиродиву дастаҷамъии таълимӣ-тарбиявӣ мегузаронад. Ҳамчунин якқатро идея ва таълимоти ӯ дар мактабҳои миёнаи кишварҳои гуногун низ омӯзонида мешаванд.

Стивен Ковиро бештар бо асари “Семь навыков высокоэффективных людей”, ки баъд аз солҳои 70-уми асри гузошта ба қалам гирифта шуда, то ҳол аҳамияти худро гум накардааст, мешиносанд. Стивен Кови соли 2012 аз дунё даргузашт. Ӯ соҳиби 9 фарзанд буд.

Пештар дар Сомонаи тафреҳӣ-ахлоқии “ОФТОБ” дар бораи яке аз асарҳои Стивен Кови оид ба сифатҳои лидерӣ нашр карда будем. Инак хостем аз як асари дигари ӯ хонандагони сомонаро огоҳ созем. Китоби “Быть, а не казаться” як навъ “хулосат-ул-хулоса”-и афкор ва таълимоти касбии Стивен Кови ба ҳисоб меравад. Бояд қайд кард, ки ин асар пас аз фавти Кови ба нашр баромадааст. “Быть, а не казаться” маҷмӯи қайду эссеҳои муаллиф буда, чанд сол баъдтар аз ҷониби фарзандон ва ҳамкоронаш ҷамъоварӣ карда шуда, бо як тартиби муайян доир ба мавзӯъҳои гуногуни сифатҳои олии одамият ва ҷомеа ҳамчун асари мустақил ба чоп баромадааст. Китоб дар барои роҳҳои расидан ба созандагӣ бо худ ва баъдан бо муҳити хеш зикр мекунад, ки барои фарди ҷомеаи башарии муосир ҳамчун масъалаи мубрам баррасӣ мегардад.

Ҳаёт ва машғалаҳои пурталотуми шахс барои пайдо кардани завқ, меҳр, муҳаббат ба муҳит ва имкони дарки рисолати одамӣ дар зиндагӣ имкон намедиҳад. Асолат ва бузургии сохта, ки заминаашро танҳо ҳавову ҳавас ташкил медиҳанд, ҳар сония одамиро фиреб дода, аз пайи арзиш ва принсипҳои беасос равона кардан дорад. Аз ин рӯ ин маҷмӯаи эссеҳои Стивен Кови нафаронеро, ки дар пайи ташвиши дунявӣ ҳастӣ ва ҳадафи худро гум кардаанд, ҳамчун устурлоб роҳнамун шуда, имкони дубора аз худшиносӣ, виҷдон, ирода ва малакаи эҷодкории хеш дарак доданро фароҳам меоварад. Ҳамчунин муаллиф дар бораи 12 фишанги муваффақият зикр мекунад, ки новобаста ба мансубияти динӣ, эътиқодӣ, фарҳангӣ, миллӣ, нажодӣ ва ғайра барои ҳар фарди фарохандеши ҷомеа азхуд кардани онҳо нур болои нур хоҳад буд. 

Хониши китоби “Быть, а не казаться” барои ҳар фарди масъулиятшинос, соҳибшуур ва бахусус роҳбарони ширкат, соҳибкорону оиладорон тавсия карда мешавад.


“Кӯдак аст!” –нагӯед! Аҳамияти муколама бо навзод

Озод аз рукуди зеҳнӣ бошед!

Истеъмоли аз ҳад зиёди шакар зарар аст!

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s