Дар интизории тифл будан, муддати сеҳрнокест барои ҳар як зан. Ӯ танҳо орзуи ба дунё овардани тифли солимро дорад. Мутаассифона, баъзан давраи ҳомиладорӣ номуваффақ анҷом меёбад. Баъд аз чунин ҳолати сангин, на ҳамаи занон дар худ қувваи дубора модар шуданро пайдо карда метавонанд.
Эҷодиёти рангини аксгири амрикоӣ Алекс Болэн маҳз ба ин мавзӯъ бахшида шуда, дар дили ҳазорон тухми умедро аз нав коштааст. Қаҳрамонони ин акс шаш нафар заноне ҳастанд, ки ҳар яки онҳо дар гузашта бинобар ин ё он сабаб тифлашонро аз даст додаанд. Вале сарфи назар аз мушкилиҳои рухдода, онҳо ноумед нашуданд ва тавонистанд тарсу ваҳми худро бартараф созанд. Чӣ тавре ки дар сурат аён аст, аллакай ба яке аз онҳо хурсандии модар шудан насиб гаштааст ва дигарӣ бошад ҳоло дар интизории чунин хурсандӣ аст. Идеяи дар сурат ҷой кардани рангинкамон бесабаб нест. Зеро ба ақидаи аксгир Болэн рангинкамон нишонаи умеди он аст, ки ҳатман баъд аз борон, рӯзҳо офтобӣ хоҳанд буд.
Дар ҳақиқат, барои зане, ки гирифтори чунин фоҷиа шудааст, таваллуди кӯдаки деринтизор, ба сони муъҷиза аст. Ин муъҷиза ҳаёти модарро мисли рангинкамон мулавван сохта, муҳитро барояш боз ҳам рангинтар мекунад.
– таҳияи Махсумова Манижа
Равшанфикрии кӯдак аз модар аст
4 Comments Add yours