Ҷиҳозҳои электрониро ҳангоми хоб кардан аз худ дур монед

Олимони амрикоӣ муайян кардаанд, ки гормони мелатонин, ки масъули хоби солим ва руъё дар инсон аст, ба ашёву ҳодисоти атроф таъсирпазир аст. Онҳо исбот кардаанд, ки телефони фаъол ҳангоми хоб инсонро таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ бо исрор тавсия карда мешавад, ки телефонҳои мобилӣ ҳар чӣ дуртар аз рахти хоб нигоҳ дошта шаванд.

Аз нигоҳи мутахассисон, гормони мелатонин махсусан ба нурпошиҳои радиатсионии ҷиҳозҳои электронӣ вокуниш нишон медиҳaд. Маҳз онҳо ба робитаи маъмулии рефлекторҳои “шаб‐хоб” халал расонида, инсонро ба бехобӣ мубтало мекунанд. Хобҳои ҳавлнок ва афсурдаҳолӣ баъд аз бедор шудан, эҳтимол, ба телефони фаъоле, ки тамоми шаб назди рахти хоб қарор дошт, вобаста аст. Таъсири дарозмуддати ҷиҳозҳои электронӣ метавонанд дар оянда ба мушкилиҳои ҷиддӣ марбут ба системаи асаб оварда расонад.

Бинобар тавсияи табибон инсон дар як шабонарӯз барои пурра барқарор кардани нерӯи тоза бояд 8 соат хоб кунад. Аз ин миқдор кам хоб кардан ба тадриҷ системаи масуниятро заиф мегардонад. Зуд‐зуд аз дарди сар ранҷ бурдан, коҳиши иштиҳо далели он буда метавонад.

– таҳияи Достиев Неъмат


Нӯшокиҳои энергетикӣ нерӯи дилро мегиранд

Хобҳои ҳавлнок фоидабахшанд

Чӣ тавр бе дору дарди дандонро таскин бахшидан мумкин аст?

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s