Халифа Умар ибни Абдулазиз (682-720), ки ҳамчун панҷумин “халифаи рошидин” низ ёд мешавад, шахси масъулиятшинос ва ҳукмдори одилу ҳаким буд. Муаррихон қайд мекунанд, ки тӯли ду соли хилофати ин марди абарқудрат, давлат рушди сисоларо қайд кардааст. Дар мамлакат фақире намондаву сарватмандон соҳибэҳтиёҷеро пайдо карда наметавонистанд, ки закоташонро ба ӯ диҳанд. Дар кӯчаҳои шаҳр сангҳои махсуси садақадиҳии болояш пӯшида гузошта шуда буд, то ки закотдиҳандагон бе худнамоӣ хайр кунанду соҳибэҳтиёҷ бе маҳҷубият миқдори лозимаашро аз он бигирад.
То ҳатто хазинаи мулк то дараҷае пур гашта, ки дигар ҷое барои ҳифзи моли давлат намонда буд. Ёварони халифа ба назадаш омада вазъи мазкурро арз мекунанд. Умар ибни Абдулазиз амр мекунад, то ҳамаи кӯдакони ҳоло суннатнашударо аз ҳисоби хазинаи давлат суннат кунанд. Ёварон амри халифаро ба ҷой меоранд, вале боз ҳам хазина пур мемонад. Дубора ба назди халифа омада арзи ҳол мекунанд. Умар ибни Абдулазиз амр медиҳад, ки ҳамаи духтар ва писарони болиғро, ки ба синни оиладорӣ расидаанд, аз ҳисоби хазинаи давлат хонадор кунанд. Ёварон амри халифаро ба ҷой меоранд, вале боз ҳам хазина лаболаб пур монда буд.
Рӯзе халифа Умар ибни Абдулазиз бинобар анҷоми корҳои зиёди ҳокимият хаста гашта, беҳол меафтад. Ёваронаш ӯро таскин дода, акнун ин рӯз истироҳат карданашро хоҳиш менамоянд. Ва кори боқимондаро барои фардо гузоштанаш исрор мекунанд. Ба ин суханони ёваронаш, халифаи бузург чунин посух медиҳад:
– Кору машғалаҳои имрӯза маро ба ин қад беҳол карданд ва агар барои анҷомашон ба фардо гузораму боз ба инҳо корҳои фардо ҳам илова шаванд, пас ҳолам чӣ хоҳад буд!?!
Ҳамин тавр рӯзе яке аз валиуллоҳ аз саҳро мегузашт ва шоҳиди манзарае шуд, ки гург гӯсфандро зада мехӯрад. Валиуллоҳ ба худ гуфт, ки халифа Умар ибни Абдулазиз аз олам даргузашт. Зеро дар даврони хилофати ин марди одил то ҳатто гург сер буду ба рама ҳуҷум намекард. Дар ҳақиқат, пас аз муддате нидои он расид, ки Умари сонӣ аз олам даргузаштааст.
2 Comments Add yours