Дусолагӣ: Ӯ фарқ мекунад, ки дар муҳиташ кӯдакони дигар низ мавҷуданд. Вале муносибаташ бо атрофиён ҳамоно мисле ба ашё аст. Аз ин рӯ ҳангоми бозӣ кардан онҳоро мезанад, мӯйи сарашанро мекашад, мегазад ва ғайра. Муносибаташро бо дигарон бар асоси “гирифтан” месозад, “додан ва тақсим кардан” барояш хуш намеояд. Дар ин овон ҳама чиз барояш ҳайратбахш аст.
Сесолагӣ: Дар кӯдак малакаи робитасозӣ инкишоф меёбад. Қобилияти дигаронро фаҳмидан ва қудрати таъсиррасонияш рушд мекунад. Вале ҳоло ҳам тақсим карданро дӯст намедорад. Ҳар вақте чизе талаб мекунад, бесабру инодкор мешавад. Агар кореро барои анҷом доданаш аз ӯ талаб кунед, иҷрои онро рад мекунад.
Дар моҳҳои охири ин синну сол малакаи иҷтимоишавияш рушд меёбад. Аз ин рӯ барои пайдо кардани дӯсту рафиқ майл мекунад. Минбаъд нисбат ба “додугирифтҳо” моилтар мешавад. Дар робитаҳои иҷтимоӣ ҳудуд ва меъёрро риоя мекунад. Фарқ миёни ҷинсиятҳо мегузораду аз ҷинсияти худ бархӯрдор мешавад. Ҳангоми бозӣ кардан, кӯшиш мекунад, ки сифати бозиро ҳар чӣ беҳтар кунад.
Чорсолагӣ: Бештар бо ҳамсолонаш бозӣ мекунад. Бо онҳо тақсим карданро меомӯзад. Кӯшиш мекунад, ки дар гурӯҳҳои хурд бозӣ кунад. Ба ашё ва ҳодисаҳо аз нуқтаи назари дигарон нигоҳ карда, онҳоро меомӯзад. Дар баробари фарқ карда тавонистани имову ишораҳо, ҳамчунин ҳаракатҳои одамонро низ бе мушкилӣ мехонад.
Панҷсолагӣ: Бозӣ кардани бозиҳои дастаҷамъонаро бештар тарҷеҳ мекунад. Нисбат ба ашёи дигарон эҳтиром нишон дода, ҳаққи атрофиёнро риоя мекунад. Бо кӯмаки истинтоқи ботинӣ рафтору гуфторҳояшро ба мизон мекашад.
Шашсолагӣ: Дар ин синну сол кӯдак ба ашё ва ҳодисаҳо ҳамчун шахси сеюм баҳо медиҳад. Яъне ҳам ба рафтору гуфтори худ ва ҳам атрофиён аз берун назар карда баҳо медиҳад. Ба дигарон ҳамдардӣ баён карда, ба эҳсосоти дигарон саҳм мегузорад. Ҳангоми пурсуҷӯ кардани нафсаш як қатор ишораҳои ин амали кӯдакро пай бурда метавонед. Дар бозиҳои дастаҷамъонаи кӯдакон фаъолона рафтор мекунад. Барои он ки дар назари калонсолон қобили қабул бошад, рафтор ва гуфторашро ба мисли онҳо шакл медиҳад. Дар кору машғулиятҳои калонсолон кӯмак мекунад.
Раванди иҷтимоишавии кӯдак (1)