Чаро хунро аз ангушти беном мегиранд?

Ҳарчанд хунро барои таҳлил ва ташхисҳои тиббӣ аз дилхоҳ узви бадан гирифтан мумкин аст, вале табибон бештар онро аз ангушти беном мегиранд. Ин амал аз ҳикмат холӣ нест.

Ҳамин тавр яке аз сабабҳои аввали он ки хун барои ташхис маҳз аз ин узв гирифта мешавад, барои анҷоми ин амал мусоид будани болиштчаҳои ангушт аст. Зеро болои он пашму мӯй намебарояд ва зери пӯсти ангушт роҳҳои зиёди хунгард мавҷуданд. Илова ба ин маҳз аз ангушти беном гирифта шудани хун низ ҷолиб аст:

Коҳиши хатари сироятшавӣ

Дилхоҳ захм, осеб ё бурида шудани ҷилди бадан метавонад боиси сироят гардад. Қисматҳои болоии ангушти калон ва хурд бевосита бо пайванди даст робита доранд. Аз ин рӯ, агар ин ангуштон осеб бинанд, эҳтимол уфунат бо хун омехта шуда тамоми дастро зарар расонад. Вале қисматҳои болоии ангуштони боқимонда аз чунин робитаи бевосита таҷрид карда шудаанд. Пас, агар ангуштони мазкур осеб бинанд ҳам, уфунат ба бадан паҳн нагашта, имкон барои сареҳан безарар гардонидан мавҷуд аст.

Тезтар шифо меёбад

Азбаски ангушти беном нисбат ба ангуштони дигари панҷа камҳаракат аст, захми пас аз хунгирӣ пайдомешуда тезтар шифо меёбад. Дар баробари ин эҳтимоли сироятшавӣ низ коҳиш меёбад.

Дардаш камтар аст

Чӣ тавр дар боло зикр гардид, азбаски ангушти беном камҳаракат ва нодиран ба кор бурда мешавад, пӯсти болои он зарифтару тунуктар аст. Чунин хусусияти он барои сӯзан зада хун гирифтан дарди камтар дода, корро қулайтар мекунад.


Гурӯҳи хун ва хислати инсон

Агар аз бинии кӯдак хун равад

Ҳафт муъҷизаи қуръонӣ: АНОР

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s