Чӣ гуна нафарон оиладор нашаванд? (1)

Саволи “чӣ гуна нафарон оиладор нашаванд?”-ро метавонад ҳамчун “чӣ гуна нафарон оиладор шаванд?” ҳам бихонед. Ихтиёр дар дасти шумо аст. Аммо, вақте матлабро то нуқтаи охир хонда тамом мекунед, ҳатман аз худ суол кунед, ки дар сафи кадоме аз инҳо қарор доред.

Ҳар кӣ бегона ба меҳру муҳаббат аст

Ҳар кӣ дӯст дошта наметавонад ва бегона ба муҳаббат аст, оиладор нашавад! Дӯст дошта тавонистан атои илоҳӣ аст. Ҳарчанд шарораи аввалини ишқу муҳаббатро дар башар Офаридгор аланга медиҳад, вале он оташи дӯстиро то охир бояд худи банда зинда нигоҳ дошта, боз ҳам онро “сӯзонтар” ва “равшантар” гардонад. Вақте инсон иродаи хешро ба миён гузошта, масъулияти зинда нигоҳ доштани меҳру муҳаббатро дар хонадорӣ ба ӯҳда мегирад, замина, девор ва боми хонаи “оила”-ро устувор мекунад. Оё нафаре дидааст, ки хонаи мукаммал бе девору бом пойдор монда бошад?

Ҳар кӣ бегона ба эҳтиром доштан аст

Ҳар кӣ ба дигарон иззат ва эҳтиром надорад, оиладор нашавад! Зеро иззату эҳтироми ҳамдигар мояи ҳузуру ҳамдигарфаҳмӣ дар оиладорӣ аст. Илова ба ин, муҳаббат танҳо бо эҳтиром ба худ маъно касб мекунад. Эҳтироми бемеҳер миёни ҳамсарон риё аст. Меҳри беэҳтиром бошад, фиреб ва дурӯғи маҳз аст!

Ҳар кӣ тиҳӣ аз умед кардан аст

Ҳар кӣ беумед асту ба имрӯзу фардо умед надорад, оиладор нашавад! Зеро умед дар оиладорӣ ҳамчун хазина аст. Ноумед ё шахси беумед ба фардо танҳо аз равзанаи танги имрӯз назар карда, ҳаёти одамиро иборат аз лаҳзаи гузаро медонад. Ҳол он ки оиладорӣ ба сони роҳи тӯлонии марафон аст. Дар оиладорӣ ҳолатҳое мешаванд, ки имрӯз мушкил метобанду вале фардо метавонанд беҳ гарданд. Оне, ки умед дорад, ба ҳаёт аз равзанаи “зери ҳар шар(р) хайре ниҳон аст” менигарад. Ҳамчунин андеша кунед, ки ҳақиқати “ва шояд шумо чизеро нохуш доред, ҳол он ки вай барои шумо беҳтар бошад; ва шояд ки шумо чизеро дӯст доред, ҳол он ки вай барои шумо бад бошад. Ва Худо медонад ва шумо намедонед” ба кӣ хитоб мекунад. Ноумед танҳо раҷим аст!

Ҳар кӣ сабр карда наметавонад

Ҳар кӣ аз одоби сабр кардан ғофил аст, оиладор нашавад! Зеро сабр оташест, ки хомро баркамол мекунад. Ва ҳар кӣ оташи мазкурро таҳаммул карда наметавонад, тавони оиладор шуданро ҳам надорад. Зеро дар давоми оиладорӣ сабр ҳаррӯз ҳамроҳи хонадорон хоҳад буд. Ҳамсарон доим ҳамчун гадо назди даргоҳи сабр истода, ба сони ташналабони назди соҳили баҳри шӯр бояд аз он ҳиммат талаб кунанд. Сабр канзи махфиест, ки дари онро танҳо одоби “оё ҳеҷ зиёд аз ин ҳаст?” кушода метавонад.

(давом дорад)


Фотиҳа ва муҳлати шиносшавии ҷуфти оиладормешуда

Моҳият ва аҳамияти никоҳ

Оё дар ҳақиқат барои оиладор шудан омода ҳастед?

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s