Рӯҳафтодагӣ бечорагӣ нест! (1)

Дар асари машғулиятҳои ҳаррӯза ва фишору тазйиқи хоставу нохостаи атрофиён инсон гоҳо ба ҳолати аҷибе гирифтор мешавад. Камгап мешавад, дамдузд мешавад, худаш сарфаҳм намеравад, ки ба вай чӣ шуда истодааст. Чаро як ҳузне рӯи дилаш соя ниҳодааст, намефаҳмад. Мисле ки дасте омада рӯҳашро мефишорад ва ҳолашро ба танг меорад. Ҳар яки мо ба ин ҳолат гирифтор мешавем. Яъне гоҳо ба мо ҳолате рух медиҳад, ки худамон сабабашро ташхис карда наметавонем. Ва ё агар дар худи мо камтар рух диҳад дар атрофиёнамон, дар наздиконамон ва нафарони барои мо азиз чунин ҳолатро мушоҳида мекунем. Агар дар наздикон ин ҳолатро дида, сабаб пурсед, ҳатман ҷавобашро намедонанд. Ин ҳолати рӯҳафтодагист, яъне депрессия!

Дар гуфтор мо таъбири “Рӯҳафтода набош!” дорем, ки одатан ба маънои “ноумед нашав, ғам махур, дилатро шикаста магир, ҳавосатро ҷамъ дор…” истифода мешавад. Яъне агар шахси рӯҳафтодашуда кадом нокомиеро аз сар гузаронида бошад, ибораи болоро ба кор бурда, мо гуфтан мехоҳем, ки “Ноумед машав, ту ҳатман комёб мешавӣ!”, “Дилозурда мабош, муваффақият ҳатман ба суроғи ту мерасад!”, “Аз ҳолати ночорӣ баро, вазъатро муътадил дор!”

Мутаассифона, таслияти мо ҳам ба онҳое, ки дар ҳолати рӯҳафтодагӣ қарор доранд, на ҳама вақт коргар шуда метавонад. Хоса, агар шахс гирифтори ҳолати рӯҳафтодагии навъи шадид бошад (ду навъи аввали рӯҳафтодагӣ навъҳои сабук ва миёнаи он мебошад). Дар ҷомеаи ғарбӣ вақте ҳолати депрессивӣ, яъне рӯҳафтодагиро, хоса рӯҳафтодагии шадидро дар инсонҳо ташхис мекунанд, ӯро ҳатман тавсия медиҳанд, ки ба назди равоншинос ё духтури асаб (психотерпаевт) равад. Вале дар ҷомеаи мо рафтан ба назди психолог чандон маъмул нест. Шояд аз он ҷиҳат, ки хадамоти равоншиносӣ ҳам дар мо чандон рушд наёфтааст. Агар аҳён-аҳён бошад ҳам, сатҳи тахассусии равоншинсон чанод қонеъкунанда нест.

(давом дорад)


“Бовар кун, медонам чӣ ҳис мекунӣ!”

Масъулиятдорӣ

Сармоя ва нерӯ дар футбол ақлу ҳушро мегирад?

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s