Чӣ гуна нафарон оиладор нашаванд? (2)

Ҳар кӣ бахшиш пурсида наметавонад

Ҳар кӣ одоби бахшиш пурсиданро надорад, оиладор нашавад! Зеро бахшишпурсӣ нишона аз заъфият ва нуқси инсон нест, баръакс хабар аз камолот ва фазилати кас аст. Касб намудани одоби бахшишпурсӣ инсонро доим ҳушёр дошта, аз хатокориҳо дур истоданро савқ мекунад. Вагарна ҳисси худро шахси муакаммал ва атрофиёнро ноқис пиндоштан, ноқисулақл ва хом будани касро далолат мекунад. Чунин нафарон ҳаргиз хатои худро намебинанд. Ҳар кӣ хатои хешро намебинад, барои ислоҳи он ҷаҳд намекунад. Ва рӯзе мерасад, ки силсилаи хатоҳо вайро ба доираи фасод кашида, низоми хонаро аз байн мебарад. Ҳамин тавр кӯзаи эътимод шикаста, раванди беҳузурӣ то ба ҷудошавӣ мебарад. Ҷомеае, ки гирифтори чунин нобасомониҳо аст, онро ҳодисаҳои куштори шавҳар ҳамсарашро, худкушии яке аз ҳамсарон ё фарзандони бепарастори боқимонда такон дода, афродашро батадриҷ ҷиннитабиат мекунад.

Ҳар кӣ ашк рехта наметавонад

Ҳар кӣ ашк рехта наметавонад, оиладор нашавад! На шавҳарон “гиря кардан хоси зан аст”, “ашк силоҳи зан аст” гӯянду на занон ҳам “мард ашк намерезад” гӯянд. Зеро ашки дида ба сони иксирест, ки хонаро ба чаманзори ҷаннатосо табдил медиҳад. Имрӯз ҷомеа гиря карданро аз хотир баровардааст. Гарчанде барои чунинҳо ин таклифи таҳаммулнопазир аст, вале бояд ашки дида бирехт. Адами риққат ба қасвати қалб оварда мерасонад. Вале он ашк набояд барои манфиатҳои моддиву арзишҳои сохта рехта шавад. Ашк резед, ки чашмаи меҳратон хушк нашавад.

Ҳар кӣ ханда чист намедонад

Ҳар кӣ ханда чист намедонад, оиладор нашавад! Зеро ханда унсури икмолбахши гиря аст. Гиряву ханда ду қисми як бутунанд. Ин ду ҳамчун ҳаёту мамотанд. Яке бе дигар дар алоҳидагӣ беқадр аст. Пас ҳаргиз ин низоми вазънамудаи илоҳиро вайрон накунед.

Ҳар кӣ бахшида наметавонад

Ҳар кӣ аз одоби бахшида тавонистан маҳрум аст, оиладор нашавад! Зеро набахшидан ё бахшида натавонистан боиси ҷамъ шудани ғазаб мегардад. Ин навбат ғазаб ба кину нафрат табдил ёфта, низоми оиладориро аз байн мебарад. Нафаре, ки ҳамсарашро намебахшад ё бахшида наметавонад, бо мурури замон кину нафраташ мағлуб карда, ба аҳли хонаводааш ҳамчун ба душман ва беш аз он, ҳамчун ба шайтон муносибат мекунад. Оё ҳеҷ дидаед, ки касе ҳамроҳи душман ё шайтон дар як болин бихобад?

Ҳар кӣ қаноат карда наметавонад

Ҳар кӣ қаноат карда наметавонад, оиладор нашавад! Зеро қаноат ба сони хазина буда, неъмати бебаҳост. Ҳарчанд Қорун соҳиби молу мулки зиёд буду калидҳои хазинаи беандозаашро то дусад нафар бардошта мегаштанд, вале аз қаноат кардан маҳрум, ки буд, то охирин нафас ҳамчун гадо зистааст. Бақои умури хонаводагӣ ва то қиёмат давом додани ҳаёти мусаллами оилавӣ танҳо бо ин хазина – қаноат карда тавонистан мумкин аст.

Хуласи гап, ҳар кӣ одам аст, оиладор шавад. Ва аз хотир набароред, ки ҳайвонҳо ҷуфт, вале одамон оиладор мешаванд.

– Садбарги Ҳаким


Фирефтаи ҳиссиёт нашавед!

Аксе, ки барои миллионҳо боиси бозгашти умед шуд!

Шавҳари камгап ё бонуи сергап

2 Comments Add yours

  1. dalersite says:

    Мавзухои бисёр чолиб!!

    Like

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s