Рӯбоҳе бо хирсе дар ҳамсоягии ҳамдигар зиндагӣ мекарданд. Хирс ҳамсояашро бисёр дӯст медошт ва ҳаргоҳе ки ӯро медид, салом мегуфт ва ба нӯшидани як пиёла чой даъват мекард. Аммо рӯбоҳ нисбат ба рафтору кирдори дӯстонаи хирс нописандона ва мағрурона амал карда, ҳатто саломашро алейк намегуфт.
Рӯзе дар назди дари рӯбоҳ як кундаи калон афтид ва рӯбоҳ натавонист ба берун барояд. Сипас ба ҳамсояаш хитоб карда гуфт:
– Дӯстам, хирс! Дӯстам, хирс! Бубахш, ки бо ту бад рафтор кардам. Назди ту шармсорам. Илтимос, ёрӣ деҳ! Ин кундаро аз назди хонаи ман бигир, то берун баромада тавонам.
Хирс, ки бисёр раҳмдил буд ва ҳамсояашро дӯст медошт, гуфт:
– Ҳеҷ гап не, ҳамсояҷон. Хиҷолат накаш, ман туро бахшидам.
Пас хирс кундаро аз пеши дари хонаи рӯбоҳ гирифт. Минбаъд рӯбоҳ хатоашро фаҳмид ва бо ҳамсояаш нек рафтор кард.
– Некбини Олам
One Comment Add yours