Рӯҳафтодагӣ бечорагӣ нест! (2)

Зимнан, тибқи пажуҳиши солҳои охир ҳолати рӯҳафтодагӣ дар ҷавонон ва занҳо бештар ба мушоҳида мерасад. Ин аз он боис аст, ки ҷавонон ҳанӯз таҷрибаи кофӣ надоранд, бинобар ин дар муқобили талотум ва ҳамлаҳои равониву фишорҳои маънавии ҷомеа зуд рӯҳафтода мешаванд ва худро шикастхурда мепиндоранд. Ба рӯҳафтодагии занҳо бошад, яке аз омилҳои маъмуле, ки боис гаштааст, тамошои барномаву филмҳои гуногун аз тариқи телевизору шабакаи интернет ва васоити дигари визуалӣ мебошад. Азбаски занҳо бештар дар хонаанд, ба тамошои телевизор вақти зиёд сарф мекунанд ва таҳти таъсиру ҳамалоти психологии филмҳо бештар қарор мегиранд.

Вале аз ин ду қишр, яъне ҷавонон ва занҳо оне, ки бештар ночор мемонанд, ҷавонҳоянд. Бинобар ин, роҳи наҷот кофта, ба корҳое даст мезананд, ки оқибати талофинашаванда дорад. Агар як зумраашон рӯ ба тамоку, машрубот ва анвои гуногуни мадҳушкунандаи он биёранд, бархе чораро дар худкушӣ мебинанд. Даст ба худкушӣ мезананд ва ҳолати рӯҳафтодагии худро ба пайвандон гузошта мераванд. Яъне, падару модарро умре мотамдор мекунанд.

Ҳол он ки вазъият ҳарчанд мураккаб бошад, рӯҳафтодагӣ ҳар қадар моро фаро гирифта бошад ҳам, ҳатман роҳи наҷот ёфт мешавад. Инсон чунонки тавони бардошти мушкилиҳоро дорад, тавони рафъи онҳоро низ соҳиб аст. Масалан, бигирем рафтан ба назди равоншиносро. Ғамдорҳо ё рӯҳафтодагон дар Ғарб барои чи ба назди равоншинос мераванд? Барои он ки мушкилиашонро баён кунанд, то равоншинос дарди онҳоро шунида, сипас чорае нишон диҳад. Ба ибораи дигар, мераванду дилашонро пеши равоншинос холӣ мекунанд. Вақте аз ҳузури равоншинос берун меоянд, ҳис мекунанд, ки як андоза сабук шудаанд. Чаро чунин аст? Чунки аз он вазнинӣ ва ранҷу кулфате, ки дар дил, шояд дер боз, нигоҳ медоштанд, халос шуданд. Вале ҷомеаи мо ки ғарбӣ нест ва дар мо рафтан ба назди психолог ҳанӯз маъмул нашуда, пас вобаста ба урфи худамон, вобаста ба менталитети худамон чи бояд кард, то ҳолати рӯҳафтодагӣ бартараф шавад? Бояд гуфт, инсон пайравӣ аз кадом эътиқоду дине надошта бошад, ба ниёиш ва муноҷот ба парвардигораш эҳтиёҷ дорад. Муноҷот ва дуо кардан бошад, навъе холӣ кардани дили худ аст, роз гуфтан ба Холиқи худ аст. Аз он ки касе моро беҳтар аз Парвардгорамон намедонад, мо ниёз ба он дорем, ки дардҳоямонро пеши он Зоти Бино ва Шунаво арз кунем…

Манзур ин ки ҷавонон дар ҳолати рӯҳафтодагӣ набояд, худро бечора бинанд ва даст ба амалҳое зананд, ки оқибаташ ҷубронношуданист!

Ниҳояти калом, ҷавонон бояд зебобин ва зебонигоҳ бошанд, то фикрашон зебо шавад. Зебо бидонанд ва зебо андеша намоянд, то лаззати ҳаётро дарёбанд. Зеро зиндагӣ бо хушбинӣ ва амалҳои дуруст маъно дорад. Бадгумонӣ ва бадандешӣ маншаи яъсу навмедист, тахрибгари саодати инсон ва қотили зиндагонист!

– Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


Сад дари кушода

Онҳо хомӯширо авло донистанд

Оё дар ҳақиқат барои оиладор шудан омода ҳастед?

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s