Нависандагӣ пешаи имконнопазир аст
Ҳарт Крейн (1899-1932)
Шоири амрикоӣ Ҳарт Крейн бо шеъри ҳамосиаш бо номи “Пул” ҳамду ситоиш ва таваҷҷуҳи зиёдеро соҳиб гашт. Вале ин ҳама ӯро қонеъ накард, балки андеша дошт, ки фаъолияти нависандагӣ пешаи имконнопазир аст. Бо ин ақида дар сар шоир тасмим гирифт ба Мексика равад. Ҳамин тавр, ҷиҳати сафар ба шаҳри Орлеани нав савори киштӣ шуд, вале ба соҳили мурод нарасид. Зеро дигар касе ӯро надид.
Коршиноси парандаҳо шуд
Феррер Лерин (таваллудаш 1942)
Феррер Лерин, ки ҷавониаш дар шаҳри Барселона сипарӣ шудааст, бо ашъори инқилобиаш таваҷҷуҳи оммаро ҷалб карда буд. Ӯ дар охири солҳои 60-ум ҳама чиро канор гузошта, дар Яка ном деҳае маскун шуд ва дар шароити бисёр сангини деҳа ҳамроҳи дигар мӯйсафедон бо парандаҳо ҳамдард гашт. Ва касбашро аз шоирӣ ба мутахассиси парандаҳо иваз кард. Ҳоло 75-сола аст.
– Башир Усмон
Онҳо хомӯширо авло донистанд-3
One Comment Add yours