Риояи адаби роҳ

“Адаб, ё Ҳу!”
– Мавлонои Балхӣ

Машҳур аст, вақте дар асри XIII запткориҳои муғул дар Осиёи Марказӣ оғоз меёбанд, яке аз қаҳрамононе, ки тавонист ба онҳо муқовимат кунад, шоҳзода Ҷалолуддин Хоразмшоҳ буд. Шоҳзодаи ҷавон нисбат ба падараш Алоуддин Хоразмшоҳ ҷасуртар, оқилтар ва парҳезкортар буд. Маҳз чунин сифатҳои олии инсонӣ ӯро дар набардҳои хунхорона бо муғулҳо муваффақ карда буд.

Рӯзе ҳангоми сафари ҳарбии навбатӣ, вақте шоҳзода Ҷалолуддин Хоразмшоҳ барои набарди навбатӣ омодагӣ медид, ёваронаш ӯро таъриф карда, чунин мегӯянд:

– Хушо бар ҳолат, шоҳзода! Ту музаффар хоҳӣ шуд! Худованд туро ғолиб хоҳад кард.

Ҷалолиддин, ки аз адаб дар назди даргоҳи илоҳӣ огоҳ буд, ба ёваронаш посух медиҳад:

– Вазифаи ман бо амри Офаридгор дар роҳаш ҷаҳд кардан аст. Ба умури Худованд дахолат намекунам. Зеро касеро музаффар кардан ва ё мағлуб сохтан танҳо вазифаи Ӯ (ҷ.ҷ.) аст.

Чун шоҳзода Ҷалолуддин Хоразмшоҳ асрори таслимиятро кашф карда буд, Худованд ӯро доим ба таври ҳориқулода бар душманонаш музаффар гардонидааст.

Инсони ғофил бошад, тарки вазифаи худ карда, ба умури Офаридгор дахолат мекунад. Банда бинобар ғафлат аз доираи иқтидори хеш, ки барояш қулайтар ва манфиатбахш аст, даст кашида, бо ҳолати заифу нотавонаш вазифаи гарони Рубубиятро, ки он танҳо ба шаъни волои Рабби Карим хосу зебанда аст, ба дӯш гирифта сарозер мешавад. Азбаски ғофил зери чунин бори гарон монда шикаст мехӯрад, оқибат роҳи исён, шақоват ва хиёнатро пеша мекунад. Чӣ гунае, ки ҳар роҳ ва ҳар маслак ба худ адаби хос дорад, даргоҳи илоҳӣ низ ба худ адаби хосро доро аст. Ҳар кӣ бинобар меъёри ин адаб рафтор накунад, аз лутфи Раб маҳрум мешавад.


Кори имрӯзро ба фардо магузор!

Итоаткорӣ

Фарёди булбул

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s