Агар кӯдак дӯстони хаёлӣ дошта бошад

Агар фарзандатон мунтазам ҳамроҳи дӯсту қаҳрамонҳои дар хаёлаш бофта сӯҳбат намуда бозӣ мекарда бошад, хавотир нашавед. Чунин рафтори ӯ нишона аз мушкилоти рӯҳӣ-равонӣ нест. Баръакс кӯдакро барои чунин бозиву сӯҳбатҳои хаёлӣ намудан ташвиқ кунед. Кӯдаконе, ки ба худ дӯсту қаҳрамонҳои хаёлӣ доранд, аз нигоҳи равоншиносӣ нисбат ба дигар кӯдакон, ҳам аз ҷиҳати сухангӯйӣ ва ҳам аз ҷиҳати инкишофи малакаҳо, пешқадамтар мебошанд.

imag

Дӯсту рафиқони хаёлии кӯдак дар мавридҳои гуногун пайдо мешаванд. Чунин дӯст метавонад гурба, саг, нафари калонсол ва ё махлуқи фантастикие бошад. Кӯдак баъзан ба бозичаи дӯстдоштааш ном монда, онро соҳиби шахсият мекунаду ҳамроҳаш гап задаву бозӣ мекунад. Ҳамчунин кӯдак метавонад касеро барои тақлид ё намуна интихоб намуда, рафтору гуфторашро ба монанди ӯ соз намояд. Новобаста ба нақши касбкардааш ё кайфияти дӯстони хаёлияш, кӯдак ба ҳамаи онҳо ҳамчун шахсиятҳои воқеӣ муносибат мекунад.

Ҳамин тавр кӯдакони “хаёлпараст” нисбат ба дигар кӯдакон барвақттар ба дарки он мерасанд, ки ба ғайр аз ӯ атрофиён ҳам соҳиби орзу, хоҳиш, боварӣ ва талаботе ҳастанд, ки аз хоҳишу орзуҳои худаш фарқ мекунанд. Аз ин рӯ кӯдак малакаи ҷумласозиҳои дақиқу аниқро пайдо карда, хоҳиши бо дигарон ҳам тақсим карданро меомӯзад.

imag_2

Кӯдаконе, ки дар оила фарзанди аввалин ва ё ягонаанд, барои пайдо кардани дӯсту рафиқони хаёлӣ моилтаранд. Бояд гуфт, ки 65%-и кӯдакони то синни 7-солагӣ ҳатман соҳиби чунин дӯсти хаёлӣ будаанд. Ва баъд аз ба синни 8 ё 9-солагӣ расидани кӯдак, аксари чунин дӣстони хаёлӣ гум мешаванд. Сабаби гум шудани дӯстони хаёлӣ, ё бинобар таъсири муҳити мактаб ва ё ҷойи онҳоро гирифтани дӯстони воқеӣ ташкил медиҳад. Ва аксар вақт он дӯстони хаёлии кӯдак дигар бознамегарданд.


Рушди равонии кӯдак: одоби қазои ҳоҷат

Чӣ гуна нафарон оиладор нашаванд?

Раванди иҷтимоишавии кӯдак

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s