Кӯдак дар кӯчаи барфпӯш ба чапу рост медавид ва ҳар касеро, ки рост меомад, чизеро ки дар дасташ буд, нишон медод:
– Бинед, он апа чӣ дод ба ман!
Ман ин манзараро аз ибтидо мушоҳида мекардам. Каме пештар аз дарвозаи мактаб яке аз духтарони мактабхон берун шуда, аз рухсораи сурхи кӯдак бӯсида, ба кафи дастони кӯчакаш чизе монд. Ин кӯдаки ҳанӯз чор ё панҷсола баъди рафтани духтараки мактабхон дуру дароз аз пушташ нигоҳ карда, сипас аз ҷой ҷаҳид. Мисли ин ки парвоз мекарда бошад, бо шӯру ҳаяҷон ба ҳар касе, ки аз пешаш мебаромад, ҳадяашро нишон медод.
Чун навбати нишон додани ҳадя ба ман расид, ҳамон гапашро такрор кард:
– Бинед, вай апа ба ман чӣ дод!
Вақте ки ба ин “хазинаи нодир”-и кӯдак бо мароқ нигоҳ кардам, чӣ гуфтанамро надонистам. Дар кафи дастони аз хунукӣ яхкардааш як тӯбчаи барфӣ дошт ӯ. Шояд бори аввал ҳадя гирифта буд.
Ӯ бо нияти ба дигарон ҳам нишон доданаи тӯбчаи барфӣ аз барам тозон дур шуд. Чун кӣ будани ин кӯдакро пурсидам, гуфтанд, ӯро “ятими маҳалла” меноманд. Падару модараш чанд вақт пеш дар садамаи нақлиёт ҳалок шудаанд ва ӯро бобояш парасторӣ мекунад.
– Башир Усмон, “Ҳадяи зиндагӣ”
One Comment Add yours