Кекси ванилӣ бо мавиз

Хамир: 150 гр равғани маска, 150 гр шакар, 2 дона тухми калон, 150 гр орд, 100 гр мавиз, 1/2 истакон чойи фомили дамкардашуда, нармкунаки хамир, 1 халтача (10 гр) шакари ванилӣ, хокаи қанд.

Дохили қолаби пухтупази 10х20-ро бо равған молидашида ва орд пошидашуда; тафтдони то 170 °С гармшуда;


1. Мавизро дар 1/2 истакон чойи фомил барои 30 дқ ё 1 соат тар карда монед;

2. Барои хамир кардан ҳарорати тамоми маҳсулоти пухтупаз бояд ба ҳарорати хона баробар бошанд. Равғани маскаро ба дохили зарфе гузошта, аз болояш шакар ва шакари ванилиро пошед. Баъдан ҳамаи онро бо суръати баланди миксер бо ҳам аралаш кунед. Бояд махлути тайёрмешуда ба худ ранги сафеди кушодро гирад;

keks_2.png3. Акнун ба махлут як дона тухмро илова намуда, боз ҳам бо миксер аралаш кунед. Шакли махлут дар аввал ба моеъ наздик мешавад, вале баъд аз аралаш кардани бардавом он ғафс мегардад;

4. Дуюм тухмро ҳам илова намуда, то ғафс шудани махлут аралаш карданро давом диҳед;

5. Мавизро аз истакони чой бароварда ба як сӯй гузоред, ки обаш чакида равад. Баъдан мавизро ба махлут илова карда бо қошуқ ва ё миксер аралаш кунед;

6. Акнун ба ҳамаи он орд ва нармкунаки хамирро илова кунед. Бо суръати пасттари миксер то омода шудани хамири якрангу ҳамвор аралаш намоед;

7. Хамири тайёршударо дар қолаби пухтупаз ҷой карда, ба дохили тафтдони то 170 °С гармшуда барои як соат гузоред. Барои тафтиши пухта расидани хамир аз гӯгирдчӯб ё дандонкобак истифода баред;

8. Кекси пухтарасидаро аз дохили тафтдон бароварда, барои 10 дақиқа ба як сӯй гузоред. Баъдан кексро аз дохили қолаби пухтупаз бароварда, барои хунук шуданаш болои панҷарача гузоред. Кекси ҳоло гармакро бо хокаи қанд оро диҳед.

Қайдҳои иловагӣ:

а. Барои тар карда мондани мавиз аз чойҳои хушбӯй ҳам метавон истифода кард;

б. Ба ҷойи мавиз метавонед буттамева ё меваҳои гуногун илова кунед;

в. Агар хоҳед, ки кекси шоколадӣ пазед, ба хамир 1,5 қошуқ какао илова намоед.

Бо иштиҳои том!

– Ирина Чадеева, “Пироговедение для начинающих”


Кекс бо хурмо

Зефир

Торти хонагӣ бо крем ва буттамеваҳо

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s