Тавсияҳо барои хушнуд ба воя расидани кӯдак

Бешубҳа, ҳар волидайн дар талоши он аст, ки фарзандаш ҳамчун фарди мустақил ва соҳибирода ба воя расад. Равоншиносони соҳавӣ маҳз барои ҷомаи амал пӯшидани чунин орзуҳои волидайн 10 тавсияи зарринеро муайян кардаанд:

1. Дуруст бошед

Кӯдак дар солҳои аввали ба воя расидан гуфтору рафтори атрофиёнашро тақлид намуда, бахусус ҳар сухан ва қадами волидайнро тадқиқ мекунад. Аз ин рӯ бояд рафтор ва гуфтори волидайн бо ҳам зид набошанд. Волидайн бояд дуруст бошанд. Вақте волидайн ба фарзанд чизе дар ин боб меомӯзонанд, худ низ бояд чунин рафтор намоянд. Пеш аз он, ки кӯдакро “дод назан ва сухани қабеҳ нагӯ” гуфта, насиҳат кунем, сараввал ба гуфторҳои худ аҳамият диҳем.

2. Кӯдакро азиз доред

Чӣ андоза барои волидайн азиз будани кӯдакро одатан тариқи асосҳои моддӣ (ҳадя, бозича, қанд, либос ва ғ.) ифода мекунанд. Вале бояд қайд кард, ки чунин изҳори меҳр фаҳмиши иззатро дар кӯдак метавонад ба самти ғалат равона кунад. Беҳтар аст, то чӣ андоза азиз будани худро кӯдак тариқи рафторҳои нек ва суханони ширини волидайн ҳис кунад.

3. Дастаҷамъона амал намуданро омӯзонед

Одоби дастаҷамъона амал намудан дар кӯдак ҳисси эътимод, ҳамкорӣ, ҳамбастагӣ ва эҳтиром ба атрофиёнро тарбия медиҳад. Аз ин рӯ ҳар чӣ бештар кӯдакро дар хона ва дар кӯча бо бозиҳои дастаҷамъона, маҳфилҳои мактабиву ҷамъиятӣ, лоиҳаҳо барин фаъолиятҳои муштараки иҷтимоӣ машғул намоед. Чунин амалро на танҳо оила, балки муассисаҳои томактабиву мактабӣ бояд ба роҳ монанд.

4. Бо дигарон қиёс накунед

Касе аз қиёс кардани худ бо дигарон хушнуд намешавад. Аз ин рӯ волидайн бояд аз қиёс кардани фарзанд бо дигарон худдорӣ кунанд. Чунин рафтор дар кӯдак ҳисси нафратро нисбат ба қиёсшаванда бештар мекунад. Ин ҳолат то рафт мудом гашта, оқибат фитрати ӯро ташкил хоҳад дод. Ҳамин тавр кӯдак боварӣ ба худро аз даст дода, ҳамчун шахси ноқис дар ҷомеа ба воя мерасад. Аз хотир набароред, ки ҳар фард ягона ва дорои сифатҳои хос аст. Кӯдаке, ки доим бо атрофиёнаш қиёс карда мешавад, кӯдаки бадбахт мешавад!

5. Эҳтиром карданро омӯзонед

Дар мисоли волидайн фарзанд бояд эҳтиромро омӯзад. Агар падару модар ба ҳамдигар ва атрофиён адаби эҳтиром ва иззатро ба ҷой оранд, чунин хислат дар фарзанд тарбия меёбад.

6. Изҳори меҳру муҳаббат кунед

Бешубҳа, ҳар волидайн фарзандашро дӯст медорад. Вале аз ҳама муҳим ин аст, ки ин меҳр бояд ба кӯдак нишон дода шавад. Ҳамин тавр фарзанд меомӯзад, ки новобаста ба ҳолат изҳори меҳру муҳаббат бечунучаро аст.

7. Пойбанди гузашта набошед

Аз ашё ва ҳодисаҳои гузашта ёд наоред. Ба ҷойи ин бубахшед, ба ҳолати кӯдак гӯш диҳед ва пойбанди гузашта нашавед. Ба оянда нигоҳ карда, ҳаёти созандаро пеша кунед.

8. Одоби истинтоқро омӯзонед

Ба кӯдак одоби идора ва истинтоқ намудани рафтор, гуфтор, орзуву ҳавасро омӯзонед. Аз ин рӯ аз кӯдак доир ба ин ё он рафтору гуфотраш суолҳо пурсед ва интизори посухҳояш бошед.

9. Касе мукаммал нест

Ҳаргиз интизор нашавед, ки фарзанд бояд мукаммал бошад. Такмил ёфтани шахсият раванди тӯлонӣ аст, ки тӯли ҳаёт идома меёбад. Ва самараи ин раванд дар натиҷаи санҷишу хатоҳо ба даст оварда мешавад. Аз ин рӯ, агар ҳар доим аз кӯдак муакаммал ва бехато буданашаро талаб кунед, чунин фишори ноҷо метавонад ӯро шикаст диҳад.

10. Кореро, ки аз дасташ меояд, монеа нашавед

Кӯдак доим мехоҳад, ки ҳамроҳи волидайн бо коре машғул шавад ва ӯ низ кӯмак расонад. Чунин рафтори ӯ ҳисси муҳим будан ва эҳсоси вуҷуд доштанашонро тақвият медиҳад. Ҳамзамон эътимод ба малака ва нерӯяшро шакл медиҳад.

– таҳияи Садбарги Ҳаким


Оё кӯдаконро бо ҳам қиёс кардан дуруст аст?

Заминагузории малакаҳои муҳим дар кӯдак

Агар кӯдак дӯстони хаёлӣ дошта бошад

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s