Инкишофи нутқ дар кӯдак

Аз таваллуд то якмоҳагӣ

Навзод дар ин овон танҳо гиря мекунад. Вале гиря кардани ӯ низ усули робита бо муҳит ва атрофиён ба ҳисоб меравад.

Аз 2 то 5-моҳагӣ

Навзод барои ҷалби диққати атрофиён садои “агу” мебарорад.

Аз 6 то 12-моҳагӣ

Калимаҳои шунавидаашро ҳиҷо-ҳиҷо такрор кардан мехоҳад. Ҳамин тавр нутқи гуфтор батадриҷ инкишоф меёбад.

Яксолагӣ (калимаи аввалин)

Кӯдак дар ин овон калимаҳои аввалинашро талаффуз мекунад: дада, оча, аяҷон, бибӣ, бобо, баба, тити, мама ва ғ. Ҳамчунин барои муайян кардани ҳодиса ва ҳаракатҳои дар муҳит рухдода калимаҳои муносибро талаффуз карда, дақиқ ифода мекунад.

Дусолагӣ (ду калимаи аввалин)

Кӯдаки 18-моҳа одатан калимаҳоро дона-дона талаффуз мекунад. Вале дар охири синни дусолагӣ аллакай ду калимаро бо ҳам оварда, фикрашро ифода мекунад. Садоҳои мебаровардаашро бинобар эҳсосоти муносиб ифода мекунад. Майл ба изҳори ифодаҳои манфӣ дида мешавад.

Сесолагӣ (гуфтори маънидор)

Дар аввали ин синну сол ҷумлаҳои иборат аз ду-се калима месозад. Одатан чунин ҷумлаҳо аз қоидаҳои сарфу наҳв холӣ мебошанд. Вале бо инкишофи нутқи гуфтор риояи қоидаҳои мазкур мушоҳида карда мешаванд. Фикрашро бо калимаву таркибҳои сода ифода мекунад. Дар синни 2,5-солагӣ бойгонии луғавии кӯдак аз 400 калима иборат аст. Ҳамин тавр солҳои баъдӣ ҳаҷми ин бойгонӣ босуръат зиёд мегардад.

Чорсолагӣ (гуфтори сода ва беғалат)

Кӯдак дар ин синну сол тақрибан 1000 калима медонад. Ҷумлаҳои саволӣ месозад. Ҳангоми гуфтор замони ояндаро ба кор мебарад.

Панҷсолагӣ

Торафт нутқи кӯдак инкишоф меёбад ва ба гуфтори калонсолон монанд мешавад. Ҷумлаҳои мураккаб месозад. Як ё ду фикрашро дар як ҷумлаи дуруст бинобар риояи қоидаҳои наҳвӣ ифода карда метавонад. Бойгонии луғавияш дар ин синну сол 2000 калимаро ташкил медиҳад.


Раванди иҷтимоишавии кӯдак

Тавсияҳо барои хушнуд ба воя расидани кӯдак

Навзодро миёни ҳам нахобонед

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s