Ҳаҷв

Марди миёнасол солҳои дароз аз ватанаш дур монда буд, вақти баргашт дар фурудгоҳи Теҳрон ба таксӣ нишаста ҷониби хонааш ба роҳ медарояд. Мусофир дар ними роҳ ба ронанда мегӯяд, ки дар назди ягон дӯкони тамокуфурӯшӣ нигоҳ дорад.

Ронанда мепурсад:

– Дар дӯкони тамокуфурӯшӣ чӣ кор доред, ҷаноб?

– Сигор мехарам.

– Ҳоло дигар сигор дар масҷид фурӯхта мешавад!

– Дар масҷид? Охир, масҷид хонаи Худо аст-ку. Он ҷо барои ибодат намераванд магар?

– Не, ҷаноб! Акнун барои ибодат ба донишгоҳ мераванд.

– Пас, таълим дар куҷо дода мешавад?

– Таълим дар маҳбас дода мешавад!

– Маҳбас ҷои ҷинояткору ғоратгарон набуд магар?

– Ҷинояткору ғоратгарон акнун бо идораи давлат машғуланд, ҷаноб!

– Дориюш Шойгон, нависандаи эронӣ


Facebook

Тасодуф

Соҳиби бозор

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s