Дили мӯъмин ва “рӯзи ҳисоб”

Боварӣ ба охират яке аз шартҳои имон аст. Ваъдаи мутлақи Қуръони Карим ва паёми кулли паёмбарони ҳақ ҳам ин аст, ки ҳангоми расидани “рӯзи ҳисоб”, низоми мавҷудаи коинот аз байн рафта, маҳшар бо тамоми эҳтишомаш ороста хоҳад гашт. Бинобар ваъдаи ҳақ ҳодисаҳои он ҳангом башарро такон дода, ҳайбаташ тамоми вуҷудро ба ларзиш меоварад. Падар аз фарзандаш ва фарзанд аз падараш бо ваҳми он, ки яке аз дигарӣ ҳаққи худро меситонад, фирор хоҳад кард. Ҳамин тавр ҳаёти дунёи фонӣ ба охир мерасаду ҳамагон “бедор” шуда, ҳаёти абадӣ оғоз меёбад.

Ба манзараи мазкур боварии бешак доштан, яке аз шаш шартҳои имон мебошад. Ҳарчанд ин манзара дар назари кас даҳшатовар менамояд, вале барои мӯъмине, ки дар тӯли ин ҳаёт вуҷуди моддӣ ва маънавияшро бинобар ахлоқи қуръонӣ шакл дода, бо адаб ва таълими Ҳабиби акрам (с.а.в) мулавван шудааст, бо хости Офаридгор, он рӯз ба мисоли “шаби арӯс” хоҳад буд. Ҳар ҷавондухтар дар орзуи висоли маҳбубаш шуда, рӯзи тӯй зеботарин либоси арӯсиро ба бар карда, муаттар мегардад. Ва ҳар дақиқа дар пазмони васли домод мешавад. Ҳамин тавр дили ҳар мӯъмини содиқ дар интизории он “рӯзи ҳисоб” тапида, ҳар чӣ тезтар соати васлро барои ноил гаштан ба лутфу неъматҳои беканори Офаридгораш пазмон мешавад. Аз ин ҷост, ки чунин дили бовафо ҳаргиз аз он рӯзи маҳшар намеҳаросад.

Чун дар ин олам ба ҷуз паёмбарони ҳақ каси дигар мукаммал набуд, муъмини бовафо гуноҳ кунад ҳам, ҳаргиз аз он лаззат набурда ҳомии кори кардааш намешавад. Чунин банда ҳамоно даст кушода, дар пайи ба даст овардани омурзишу авфи Офаридгор мешавад. Ин бандаи тавбакор дар баробари тарси Худо, ҳамзамон дар ақлу дилаш боварии комилро ба раҳмату мағфирати беандозаи Офаридгори Ягона парвариш медиҳад. Аз ин рӯ мӯъмин бинобар ҳайбати муаззами илоҳӣ ҳисси хафвро дар вуҷудаш зинда нигоҳ дошта, бинобар шафқату марҳамати бағоят ҳисси раҷоро аз худ дур намекунад. Риояи чунин мизони нозук дар рӯзи маҳшар ӯро наҷот шуда, мазҳари иноят ва лутфи илоҳӣ хоҳад кард.

Ҳоло ки дар арафаи ташрифи се моҳи муборак – Раҷаб, Шаъбон, Рамазон ҳастем, фурсати хуб барои таҷдиди имон кардан, аз назар гузаронидани садоқати хеш ба Ҳабиби акрам (с.а.в) ва қавитар кардани робита бо Худованди Карим мебошад. Қадри банда бинобар ҳадафу мақсади дар назди худ гузоштааш муайян мегардад. Ҳаргиз мақоми шикорчии шер бо мақоми шикорчии мурғобӣ ҳамсон нест. Пас моҳҳои меомадаро ғанимат дониста, мақоми хешро муайян созед. Оё мақсуди шумо “шер” ва ё бо “мурғобӣ” кифоят хоҳед кард?


Риояи адаби роҳ

Мавлуди акрам

Кори имрӯзро ба фардо магузор!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s