VESTAS
Дар аввали солҳои таъсис (1945) ширакти Vestas ашё ва техникаи маишӣ истеҳсол мекард. Вале солҳои 70-уми асри гузашта ширкат таҳқиқот дар соҳаи “энергияи тоза”-ро оғоз мекунад. Ҳамин тавр соли 1979 аввалин турбинаи бодиро истеҳсол карда, дар муддати кӯтоҳ дар ин соҳа ширкати калонтарин мегардад. Ҳарчанд буҳрони иқтисодии ҷаҳонии чанд соли охир ба фаъолияти Vestas каме халал расонидааст, вале то ҳол дар ҷаҳон ҳамчун “рақами як” шинохта мешавад. Гардиши пулии солонаи кишвар 7,5 миллиард евро буда, ҳамасола ба беш аз 60 давлати ҷаҳон 50 ҳазор турбинаҳои бодӣ мефурӯшад.
NOVO NORDISK
Ширкати Novo Nordisk яке аз ширкатҳои тиббие мебошад, ки барои беморони касали қанд инсулин истеҳсол карда, зиндагонии онҳоро нисбатан қулайтар мегардонад. Ширакти Novo Nordisk аз ҷониби барандаи Ҷоизаи Нобел олимони даниягӣ профессор Август Крог, сардухтур Хагедорн ва кимиёшинос А. Конгстед соли 1923 таъсис дода шудааст. Гардиши пулии солонаи ширкат 15 миллиард евроро ташкил дода, бо ҳайати 41 ҳазораи коргарон дар олам ҳамчун яке аз ширкатҳои бузургтарини истеҳсолкунандаи инсулин ва энзимҳои саноъатӣ шинохта мешавад.
DANFOSS
Ширкати Danfoss соли 1933 аз ҷониби муҳандис Мадс Клаусен таъсис дода шудааст. Ин ширкат яке аз бузргтарин ширкатҳои саноъатии Дания ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон Danfoss дар 18 кишвари олам 56 фабрикаҳои истеҳсолӣ дошта, ба 47 давлат маҳсулоти худро мефурӯшад. Ширкат дар соҳаи гармдиҳӣ, хунуккунӣ, корезӣ, тасарруфи энергетикӣ ва ороиш яке аз бонуфузтаринҳо дониста мешавад. Гардишии пулии солонаи Danfoss 5 миллиард евроро ташкил дода, дар ҳайаташ 23 ҳазор коргар мавҷуд аст.
GRUNDFOS
Ширкати Grundfos соли 1945 аз ҷониби даниягӣ Поул Дю Янсен барои истеҳсоли насос таъсис мегардад. Гуфта мешавад, ки ҳоло насосҳои ширкат дар 50%-и бозори ҷаҳонӣ ҳукм меронанд. Ширкати Grundfos солона 16 миллион адад насос истеҳсол карда, анқариб дар 50 кишвари дунё 90 намояндагӣ ва 20 фабрика таъсис дода, лидерии соҳаи насосбарориро дар даст нигоҳ медорад.
FLSmidth
Ширкати сементбарорӣ ва коркарди маъданҳо FLSmidth яке аз ширкатҳои бузургатирини Дания, ки кишварро берун аз марз ифитохоромандона тамсил мекунад, ба ҳисоб меравад. FLSmidth соли 1882 таъсис ёфта, ҳоло дар ҷамъ беш аз 40%-и фабрикаҳои сементбарории оламро идора мекунад. Ҳайати корамндони ширкат дар саросари дунё 15 ҳазор нафар мебошанд.
ARLA
Ширкати ширии Arla миёни ширкатҳои ҳамсон дар дунё 6-ум ва дар Аврупо мақоми 5-умро ишғол мекунад. Сафи мизоҷон ва истеъмолкунандагони ҷаҳонии Arla-ро асосан кишварҳои бойи араб ташкил медиҳанд. Ин ширкат соли 2000-ум аз ҷониби 7 ҳазору 400 деҳқон таъсис дода шуда, дар муддати кӯтоҳ ба яке аз ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи маҳсулоти ширӣ табдил ёфтааст. Гардиши пулии солонаи Arla анқариб 10 миллиард евроро ташкил медиҳад.
HUMMEL
Тамғаи Hummel барои ҳаводорони варзиш бегона нест. Он ҳамчун яке аз ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи либоса, пойафзол ва лавозимоти варзишӣ дар ҷаҳон шинохта мешавад. Ширкати Hummel соли 1923 таъсис ёфта, ҳоло дар 31 кишвари олам нуқтаҳои фурӯши худро дорад. Тамғаи Hummel сарпарасти расмии тими миллии футболбозии Дания мебошад.
Аз матлаби мазкур пай бурдан мумкин аст, ки унсур ва хусусиятҳои хушбахткунандаи ҷомеа ва боиси рушд кардани давлату миллат ин баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, фароҳам овардани иқлими иқтисодӣ барои пешрафти соҳибкорон ва аз байн бурдани тафриқа миёни шаҳрвандон мебошад. Он асрори пешравие, ки кишварҳои скандинавиро, бахусус Данияро миёни кишварҳои олам ва боз ҳам бахусус миёни кишварҳои ағлаби нуфузаш мусулмон муваффақ кардааст, ин масъулиятдорӣ, ҷаҳду ғайрат, адаб ва диди мардум оид ба ҳаёту зиндагонӣ мебошад.
One Comment Add yours