Нашъаи санъати гумшуда
Жозеф Жубер (1754-1824)
Жубер тамоми умр худро барои навиштани ягона китоб омода кард, сипас ин ҳадафашро ҳам фаромӯш сохт. Аз ин рӯ то охири умраш як китоб ҳам нанавишт. Ҳол он ки диққати ӯро танҳо нависандагӣ ба худ ҷалб мекард. Дӯстонаш нависандагони машҳур буданд. Дар ёддоштҳои ӯ чунин қайде дарҷ шудааст: “Навиштан маънои онро дорад, ки туро хонанд. Ҳама инро мехоҳад! Вале он чӣ ки ман мехоҳам, оё ҳамин аст?” Жозеф Жубер ҳарчанд наменавишт, вале худро ҳамеша дар як қитъаи поку ноолудаи санъати нигорандагӣ медид ва ӯ бо ин нашъа аз дунё даргузашт.
“Падар”-и Бартлбиҳо
Герман Мелвилл (1819 – 1891)
Вақте нависанда Герман Мелвилл асараш “Бартлбии муншӣ”-ро таълиф намуд, ҳамчун асосгузор ё “падари Синдроми Бартлби” шинохта шуд. Ӯ як шахси пайваста безобита, аҷиб ва мудом ғамгину рӯҳафтода будааст. Баъд аз он, ки ҳикояҳои аз саёҳати баҳру уқёнус навиштааш баҳои баланд гирифтанд, нависанда ба эҷоди романи наваш бо номи “Марди ва саёҳат ба ӯ” (Mardi, and a Voyage Thither) шуруъ кард. Аз он сабаб, ки ин роман мураккаб ва барои хонанда душворфаҳм буд, гӯё аз оғози нобарории нависанда паём медод. Сипас, романи дигари Мелвилл – “Моби Дик” ба нашр расид. Хонанда ҳарчанд дар “Моби Дик” дурахшеро дар эҷодиёти нависанда пай бурда бошад ҳам, вале худи ӯ, ки ҳоло 34 сол дошт, ба нокомиаш тан дода буд. Солҳои охири умраш дар Ню-Йорк дар як бюро бо иҷрои корҳои дилгиркунанда машғул буд. Соли 1891 бошад ҳамчун як нависандаи аз ёдҳо рафта зиндагиро падруд гуфт. Эҳтимол меравад, ки Герман Мелвилл бо навиштани асараш “Бартлбии муншӣ” дар асл синдроми худашро тамсил кардааст ва дар симои қаҳрамони асар – Бартлби характери худро нишон додааст.
– Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”