Бо коре машғул бошед, ки бароятон дилписанд аст!

Китоб: “Стартап за 100$” Создай новое будущее, делая то, что ты любишь

Муаллиф: Крис Гилбо

Нашриёт: Манн, Иванов и Фербер, соли 2012

Теъдоди саҳифа: 240

Забони китоб: русӣ


Ҳоло ки беш аз панҷ сол кишварамон зери таъсири буҳрони иқтисодӣ қарор дорад, як қатор соҳибкорони хурду калон маҷбур шудаанд, ки дарҳои ширкатҳояшонро банданд. Гузашта аз ин тиҷорати муваффақ худ санъати идоракунӣ ва малакаи хонда тавонистани раванди бозор аст. Крис Гилбо муаллифи китоби “Стартап за 100$” қайд мекунад, ки барои ба роҳ мондани тиҷорати муваффақ се унсур бояд бо ҳам оянд: 

а) дастрас будани маҳсул ё хизматрасонӣ;

б) муштарие, ки омода аст барои унсури аввал маблағ сарф кунад;

в) роҳи дуруст ва муътамади қабули пардохтҳо барои унсури аввал;

Ҳар нафар, сар карда аз зани хонашин то нафарони соҳибтаҷрибаи дипломдор дорои қобилият ва малакаи махсус мебошанд. Аксар занони хонашин ошпаз ё дӯзандаҳои моҳиранд. Модом нафаре соҳиби чунин як қобилият аст, чаро дар хона нишаста аз ҳисоби он ризқи худ ва оилаашро таъмин накунад. Китоби “Стартап за 100$” роҳҳои муассири аз малакаҳои мавҷуда фоида гирифтанро нишон медиҳад. Бахусус дар ин раванд чӣ тавр аз имкониятҳои интернетӣ истифода кардан ҷиҳати ҷолиби асарро ташкил медиҳанд. Дар мисоли нафарони зиёд, ки Гилбо дар китоб зикр кардааст, инро мушоҳида карда метавонед.

Крис Гилбо дар натиҷаи таҳқиқи гузаронидааш, ки онро беш аз ҳазорҳо нафарони бо ин ё он сабаб мустақилона кори хешро сар кардаанд, муайян кардааст: барои ба роҳ мондани кору фаъолияти мустақилона маблағҳои ҳангуфт лозим нест. Танҳо кофӣ аст хоҳиши азим дошта бошеду дар аввали кор аз худ ин се суолро бипурсед:

1. Чӣ тавр аз ҳисоби ин маҳсул ё хизматрасонӣ фоида ба даст меорам?

2. Ман чӣ қадар фоида ба даст меорам?

3. Чӣ тавр метавонам бештар фоида ба даст орам?

Бахусус дар ин ҷода Гилбо қайд мекунад, ки аксар соҳибкорон ҳангоми тақдими маҳсул ё хизматрасонии хеш, бештар оид ба тавсифи он сухан меронанд. Ҳол он ки бояд доир ба бартариятҳои ин ё он хизматрсаониву маҳсул бояд гуфта шавад. Чаро муштарӣ маҳз барои маҳсул ё хизматрасонии шумо бояд маблағ сарф намояд? Шарҳ додани бартарияти маҳсул муассиртар аз тавсифи он аст. Агар тавсифи маҳсул ба ҷиҳати зоҳирии он хитоб кунад, шарҳи бартарияти он тамоми эҳсосоти муштариро фаро хоҳад гирифт. Маҳз чунин робитаи ҳиссӣ касро муштарии доимӣ мегардонад.

Крис Гилбо тавсия медиҳад, то дар ҷодаи тиҷорат бо коре машғул бошед, ки дар баробари маблағ ба даст овардан, аз он завқ гиреду онро дӯст доред!

Хониши асари “Стартап за 100$” барои омӯзгорони соҳа, иқтисодчиён, донишҷӯён, соҳибкорони навроҳ ва барои ҳар нафаре, ки мехоҳад соҳиби кори хеш бошад, тавсия карда мешавад.


Озод аз рукуди зеҳнӣ бошед!

Ғофил манишин, на вақти бозист!

Ҳамоне бош ё бош, ки ҳамонӣ!

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s