Инкишофи нутқи кӯдакро саҳл нагиред!

Дар хурдсолӣ ҳар чӣ бештар бо кӯдак робитаи шифоҳӣ барпо намоед. Ҳоло кӯдак аст гуфта, аз инкишофи нутқи гуфтугӯияш танбалӣ накунед. Волидайн бояд дарк кунанд, ки гуфтори рӯзмарра барои рушди солими майнаи сари кӯдак ва инкишофи дарку фаҳмиши ӯ таъсири мусбат мерасонад. Аз ин рӯ барои заминагузории шахсияти солим дар кӯдак, равоншиносон бинобар синну соли ӯ ба ҷой овардани як қатор амалҳоро тавсия медиҳанд:

– Ҳамроҳи кӯдак аз рӯзҳои аввали таваллудаш гап занед. Ҳарчанд дар он овон атрофиён ва волидайн бо навзод тифлвор гап заданро кӯшиш мекунанд, вале беҳтар мешавад, ки талаффузи калимаҳоро дақиқ ва бурро ба роҳ монед. Ҳамроҳи кӯдакони ба синни як ё дусолагӣ расида, бо истифода аз усули такроркунӣ гап задан фоидабахш хоҳад шуд;

– Ҳарчанд калонсолон гумон мекунанд навзод ва кӯдакони синну солашон калонтар ҳангоми суханронӣ аз худ “калима мебофанд”, вале ин чунин нест ва онҳо аниқ медонанд, ки чӣ мехоҳанд. Танҳо бояд донист, ки дар ин овон ҳангоми ба забон овардани дархости худ, кӯдакон онро бо лафзи шикаста ва нофаҳмо талаффуз мекунанд. Аз ин рӯ барои қулай гардонидани муошират бо фарзанд, метавон аз имову ишораҳо ба кор бурд. Масалан, кӯдаки яксоларо барои хабар додани он, ки гушна мондааст, ишорати ду даст ба даҳон бурданро омӯзонед. Ҳамин тавр кӯдак аз ҳар амал ва дархости минбаъдааш волидайнро бо имову ишораҳои гуногун огоҳ мекунад;

– Дар синни ду ё дуюнимсолагӣ, вақте кӯдак гап заданро меомӯзад, метавон барои инкишофи нутқи гуфтугӯияш аз саволҳои гуногун истифода кард;

– Дар синнни сесолагӣ кӯдак аз гап задан завқ мегирад. Дар ин синну сол бо кӯдак ҳар чӣ бештар муколама карда, барои бой гардонидани захираи луғавияш ва дуруст сохтани ибораҳои сода кӯмак кунед;

– Дар синни сеюнимсолагӣ усули гуфтори муболиғаомез, паст ё баланд кардани шева ва садои нутқи гӯиш диққати кӯдакро ҷалб мекунад;

– Дар синни чорсолагӣ малакаи идроки кӯдак ба ҳадде инкишоф меёбад. Азбаски кӯдак дар ин синну сол то ҷое аллакай ба дарки тазодҳо мерасад, ҳангоми гуфтор аз мафҳумҳои бо ҳам зид истифода баред;

– Дар синни панҷсолагӣ кӯдак ба монанди калонсолон ба дарки аҳамият ва нозукияти сухан мерасад. Бо атрофиён муколама барпо мекунад. Таҳсину таърифро хуш мепазирад;

– Робитасозӣ бо кӯдакро тариқи ҷалби диққаташ сар кунед. Азбаски муддати тамаркуз дар ин синну сол кӯтоҳ аст, суханро дароз накунед;

– Ба кӯдак ҳатман дар хурдсолӣ рангҳоро омӯзонед. Азхуд кардани рангҳо ва фарқ гузошта тавонистан миёни онҳо барои инкишофи нутқи гуфтор кӯмак мекунад. Зеро номи рангҳо аз калимаҳое иборатанд, ки кӯдак онҳоро бо осонӣ талаффуз карда метавонад;

– Баъд аз синни панҷсолагӣ ба кӯдак ҳатман ҷумласозии муракаббро омӯзонед. Зеро дар ин овон зеҳни кӯдак барои ҳазми ин гуна ҷумлаҳо аллакай омода аст. Ҳарчанд дар назари калонсолон азхуд кардани ҷумлаҳои мураккаб дишвор метобад, вале кӯдак онҳоро бо осонӣ дарҳол ёд мегирад. Ҳамин тавр дар кӯдак муҳаббати забономӯзӣ ҳам парвариш меёбад;

– Ҳангоми бо кӯдак робитаи шифоҳӣ сохтан, мутабассим бошед;

– Калима ва садоҳои баровардаи кӯдакро хушҳолона тақлид кунед. Ӯро ҳатман бо номаш садо диҳед;

– Бо кӯдак ҳар чӣ бештар вақт гузаронед. Ӯ бояд ҳис кунад, ки барои атрофиён азиз асту дӯсташ медоранд;

– Ҳар чӣ бештар бо ҳамсолонаш бозӣ кунад. Дар муҳити иҷтимоӣ фаъол бошад;

– Агар кӯдак ҳангоми гуфтор душворӣ мекашида бошад, диққаташро аз болои чунин душворӣ дур созед. Ӯро барои ин танқид ва бо ҳамсолонаш қиёс накунед. Дуруст аст, ки сухан гуфтан василаи муассири робитасозӣ мебошад. Вале бояд иқрор шуд, ки василаи ягона нест. Аз ин рӯ, агар кӯдак дар гуфтор дишворӣ мекашида бошад, ҳатман ба табиби соҳа машварат кунед. Кӯдак набояд бинобар чунин душворӣ дилтанг шавад ва аз болояш фишори волидайнро ҳис кунад.


Инкишофи нутқ дар кӯдак

Тавсияҳо барои хушнуд ба воя расидани кӯдак

Агар кӯдак дӯстони хаёлӣ дошта бошад

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s