Шустушӯи қалб

Талабае назди донишманд омада, аз аҳволаш шикоят мекунад:

– Аз рафтану омадан ба мактаб дилгир шудам, чунки ҳар қадар мехонам, чизе аз хондаҳоям дар хотирам намемонад. Не аз омӯзиши мустақилона, не аз дарсҳои муаллимон чизеро дар ёдам нигоҳ дошта наметавонам.

Донишманд шикояти ӯро бодиққат гӯш карда, сипас, сабади кӯҳна ва чиркинеро ба дасташ дода, ба сӯи чоҳе ишора мекунад, ки дуртар аз онҳо воқеъ буд: “Бирав ва сабадро аз об пур карда биёр!”

Талаба сабадро ба чоҳ афканд, вале оби бардоштааш то назди донишманд нарасид. Он зуд аз об холӣ мешуд. Донишманд ба ҳамин тариқ ҷавонро се бор ба назди чоҳ фиристод, вале дар се маврид ҳам вай беоб баргашт. Аз сараш гузашт, ки ин кор бефоида аст. Бо вуҷуди ин панди мӯйсафеди донишмандро мунтазир буд. Дарсе, ки мӯйсафед ба ӯ медод, барояш аҷиб буд.

Ниҳоят, донишманд табассум кард ва ӯро наздаш хонда, изҳор дошт: “Муҳим аз чоҳ дасти пур ё холӣ омадан нест, балки худи ба чоҳ рафта омаданат муҳим аст. Бубин, ҳар боре ки сабадро ба чоҳ афкандӣ, он тоза шудан гирифт. Дар он ҳоло ғуборе намондааст…”

Дарс:

Муҳаббат ҳам чунин аст. Намешавад ҳама вақт аз маъшуқ ҷавоби мусбат шунид. Бисёри вақтҳо мо ҳам дасти холӣ бармегардем. Аз изҳори муҳаббат карданҳоямон бештари вақт хаста мешавем. Он чиро ки аз маҳбубамон чашмдорем, намебинем. Аммо муносибату муомилаи ҳамсон надиданамон маънои онро надорад, ки ҳама чиз бефоида буд. Асло! Азият мекашем, ноумед мешавем, парешонии хешро бисёр мебинем. Ба ҳадде, ки дигар аз дӯст доштан ва аз дӯстдори касе будан меҳаросем. Ин ҳамаро беҳуда мепиндорем, чунон ки хонандаи ҷавон ба чоҳ рафтанашро кори бефоида пиндошт. Вале дар ниҳоят мебинем, ки сабади мо, яъне, қалбамон ҳар бори ба чоҳи муҳаббат ғӯтта задан, тару тоза шуда, берун мебарояд; зебо шуда, дурахши дигаре мегирад. Акнун мебинем, ки қалби мо бо муҳаббат шустушӯ дида, дар муқобили тӯфони ҷудоиҳо устувортар шудааст. Пас, қалбро аз ворид шудан ба чоҳи муҳаббат бояд ҳаросон накунем. Бояд ғӯтта занад..!

– Башир Усмон, Ҳадяи зиндагӣ


Рафтори ҳайратовари одамият

Ниҳоли зиндагӣ

Интихоби ҳамсар

2 Comments Add yours

  1. citizen87 says:

    magnifique…

    Like

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s