Таъсири манфии доруворӣ ба эҳсосоти инсон

Ба касе пӯшида нест, ки муддати тӯлонии истеъмоли доруҳои рафкунандаи дард (бедардсозанда) ба организми инсон таъсири манфӣ мерасонанд. Агарчанде истеъмоли онҳо ба дарди узве таскин мебахшад, вале ҳатман ба як узви дигар зарари ҷиддӣ расонида метавонад. Ҳамчунин натиҷаи таҳқиқоти гузаронидаи Донишгоҳи Огаёи ИМА оид ба таъсири ин навъ доруҳо ба эҳсосот муайян кард, ки истеъмоли тӯлонии онҳо ҳисси ҳамдардиро дар инсон мекушад. Ҳамин тавр истеъмолкунандаи доруҳои рафкунандаи дард, бинобар моддаи парасетамол, ки дар таркиби ин навъ доруворӣ мавҷуд аст, бо гузашти замон ба ҳоли атрофиён бепарво гашта, ҳисси ҳамдардиро аз даст медиҳад.

Дар таҳқиқоти гузаронидаи Донишгоҳи Огаё 80 донишҷӯ иштирок кард. Ба нисфи онҳо доруи рафкунандаи дард ва ба нисфи дигар бошад пласебо (моддае, ки ба ҷойи дору ба кор бурда мешаваду ба организм ҳеҷ таъсире надорад) дода шуд. Сипас ба иштирокчиён 8 сенарияи ҳузновару ғамгиркунанда арз гардида шуд. Аз донишҷӯён хоҳиш карданд, ки ба ҳар яки ин сенарияҳои арзгашта то чӣ андоза андӯҳгир буданаш аз 1 (пасттарин) то 5 (баландтарин) баҳо гузоранд. Баъд аз давраи чунин таҷриба маълум шуд, ки истеъмолкунандагони доруи рафкунандаи дард нисбат ба истеъмолкунандагони пласебо ба сенарияҳои арзгашта баҳои пасттар додаанд.

Аз ин рӯ пеш аз истеъмоли доруи рафкунандаи дард бори дигар фикр кунед, ки оё дар ҳақиқат истеъмоли он ба шумо лозим аст. Зеро аксар вақт инсон ба дарди кӯчак ҳам тоб наоварда, дарҳол мехоҳад ин навъ доруҳоро истеъмол намояд. Ҳол он ки чунин дардро метавон тариқи нӯшоба, чой, мураббо ё мевагӣ ҳам таскин бахшид. Бахусус, қабл аз он ки доруи рафкунандаи дардро ба кӯдак диҳед, ҳатман ҳамроҳи табиб маслиҳат намоед. Ҳамчунин, агар илоҷи дигар барои шифо ёфтани кӯдак мавҷуд набошад, ҳатман доир ба таъсирҳои манфии доруи истеъмолшаванда пурсон шавед.

Саломат бошед!

– таҳияи Рабиева Ганҷина


Хобҳои ҳавлнок фоидабахшанд

“Хароб мешавам!” гуфта, сифати ширро паст накунед!

Ҷиҳозҳои электрониро ҳангоми хоб кардан аз худ дур монед

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s