“Маро қабул накарданд!”

Дар фазои интернетӣ хештеги #МеняНеВзяли (Маро қабул накарданд), ки бо ишораи он истифодабарандагон чӣ гуна дар вақтҳои мухталиф ба кор қабул нашудаанд, қисса мекунанд, маъруфият пайдо карда истодааст. Ҳодисаҳои ба ин монандро дар ҳаёти шахсиятҳои машҳур низ вохӯрдан мумкин аст.

Олими барҷастаи фанни физика Алберт Эйнштейн, ки аз ҷониби маҷаллаи “Time” ҳамчун “одами аср” дониста шуда буд, баъд аз хатми Донишгоҳи техникии шаҳри Сюрих бо ихтисоси омӯзгори математика ва физика (соли 1900) солҳои зиёд ҷойи кор ёфта натавонистааст. Ӯро ҳатто ба ҳайси омӯзгори мактаби миён ҳам ба кор қабул накарда буданд. Худи Эйнштейн изҳор доштааст, ки роҳи ӯро ба муҳити илмӣ бинобар бадбинӣ, худи профессорҳои донишгоҳи Сюрих баста буданд. Соли 1902 яке аз ҳамсабақони Эйнштейн мушкилиҳои молиявии олимро бартараф карда, ӯро ҳамчун мутахассис ба шӯъбаи патентӣ тавсия намуд. Эйнштейн – барандаи Ҷоизаи Нобелӣ дар ин вазифа 7 сол кор карда, баъдан соли 1909 ба Донишгоҳи техникии Сюрих ба кор қабул карда шуд.

Муассисони мессенҷери маъруфи “WhatsApp” Ян Кум ва Брайан Эктон соли 2008 ҷиҳати пайдо кардани кор ба ширкати Facebook муроҷиат карда буданд, вале дархости онҳо рад карда шуд. “Ҳамаи мо радкардашудагони Facebook ҳастем”, шӯхиомез гуфтааст Эктон зимни як мусоҳиба бо маҷаллаи “Forbes”. Ёдовар мешавем, ки ширкати Facebook соли 2014 “WhatsApp”‐ро бо арзиши 22 миллиард доллар харидорӣ кард ва ба ин васила Ян Кум ва Брайан Эктонро хеле сарватманд намуд (Forbes: Кум 9,1 млрд дол., Эктон – 5,7 млрд дол.) Ҳар дуи онҳо ҳанӯз ҳам дар ширкати таъсисдодаи худ хушҳолона фаъолият доранд.

Ҷек Ма, миллиарддори чинӣ ва асосгузори ширкати Alibaba Group дар оғози фаъолияти кории худ борҳо бо раддияҳои корфармоён рӯ ба рӯ шудааст. Ма ба рӯзноманигори “Inc” иқрор шудааст, ки дар солҳои 90‐ум барои дарёфти ҷойи корӣ бисёр ҷаҳд кард, вале ҳар бор ҷавоби радро шунавид. “Ҳеҷ кас маро намехост”, ба ёд меоварад Ма. Бинобар иттилои “Bloomberg” ҳоло дороии Ҷек Ма 32,7 млрд долларро ташкил медиҳад.

Аз ин рӯ ба ҳеҷ ваҷҳ дилмонда нашавед, ки ҳафтаву моҳҳои тӯлонӣ боз касе шуморо ба кор қабул намекунад. Агар шумо соҳибмалакаву кордон бошед, эҳтимол, ватқи он расидааст, ки акнун кори мустақилонаи худро боз намоед. Бахусус, имкониятҳои имрӯзаи рушди технологӣ ва дуруст ба кор бурдани малакаҳои шахсӣ ин кор дастрас аст.

Муваффақ бошед!

– таҳияи Достиев Неъмат


Ғофил манишин, на вақти бозист!

Бо коре машғул бошед, ки бароятон дилписанд аст!

Дания – кишвари дар ҷамъ аз ду вилояти Тоҷикистон хурдтар, вале…

Advertisements

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s